Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар атрофи сатил кӯл мешуд, аммо Зарифа бо сари хам китфи худро ба цистерна такя дода меистоду гӯё аз олам бехабар буд. Дар танаш ҳамон куртаи чит буд, ки тобистони гузашта рӯзи боронии сел пӯшида буд. Назари Едигей ба тораҳои ҷингилаи мӯяш дар бари рӯй ва паси гӯшаш афтод. Ба ростӣ ҳам Эрмеки ҷингиламӯй айнан ба модар рафта буд. Лаҳзае ба чеҳраи коста, гардани саҳле борик шуда, ба китфони хамида ва дасти ба миён гузоштаи Зарифа нигоҳ карда истод. Оё шарроси об ӯро афсун карда, ҷӯйбору наҳрҳои Ҳафтрӯдро ба хотираш овард буд, ё ягон андешаи ғамангезе аз дунболаш кашида, ба олами хаёлот бурда буд? Худо медонад. Едигей ӯро диду дилаш ба ғоят танг шуд ва сахт таъсир ёфт. Вай медид, ки ҳамаи ҳастии ин зан, сар то пои ӯ то чӣ андоза барои ӯ азиз аст. Мехост худи ҳозир ӯро навозиш кунад ва аз ҳар чизе ки ӯро азият медиҳад, паноҳ диҳад ва ҳимоят намояд. Аммо ин корро кардан мумкин набуд. Вай фақат, чумаки цистернаро хомӯшона тоб доду ҷараёни обро баст. Зарифа ба рӯи ӯ назари бепарвоёна ва лоуболонае афканд, гӯё ӯ дар паҳлуяш не, балки дар ягон ҷои дуродуре бошад.

— Худаш чӣ гап? Ба ту чӣ шуд? — бо оҳанги дилсӯзона гуфт Едигей.

Зарифа чизе нагуфт, фақат кунҷи лабонаш саҳле ба табассум моил шуд, абрӯвонашро андаке боло кашид ва Едигей дид, ки пардаи хаёлот аз рӯи чашмонаш дур шуд. Зарифа бо қиёфаи худ гӯё мегуфт, ки ҳеҷ воқеа нашудааст, ҳамин тавр... ҳеҷ гапе нест...

— Аҳволат хуб нест? — боз пурсид Едигей.

— Хуб нест, — оҳи гароне кашида, эътироф намуд Зарифа.

— Чаро худатро ин қадар азоб медиҳӣ? — таънаомез гуфт Едигей ва ҳол он ки дигар чиз гуфтан мехост. — Охир ҳар чиз ҳам эбаш-катӣ! Аз фикру хаёл чӣ фоида? Азоби туро дидан ба мо ҳам (мехост бигӯяд: ба ман ҳам) осон не, ба кӯдакон низ. Лозим не, худат як андеша кун. Ягон илоҷе ёфтан даркор, — мегуфт Едигей ва кӯшиш мекард чунон суханоне ёфта бигӯяд ва ба Зарифа талқин намояд, ки маҳз Едигей аз ҳама бештар дар ин олам барои Зарифа ғам мехӯраду аз ҳама зиёдтар ӯро дӯст медорад. — Худат як фикр карда бин. Фарз кардем, ки ба мактубҳоят ҷавоб надоданд, хайр, майлаш, ҳаволаашон ба Худо, намемирем.

пешина
аз 293
навбатӣ