Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ӯ чӣ рӯзеро овардааст. Вай худро аз онҳо ҷудо надонист. Шабу рӯз акнун хушу ёдаш бо тақдири ин бачаҳо ва Зарифа банд буд. Вай ҳам башиддат фикр мекард, ки ҳоли онҳо акнун чӣ хоҳад шуд, вале илова бар ин вай боз пайваста дар андеша буд, ки худаш чӣ тадбире бояд кунад, чӣ коре кунад, ки худро ба даст бигирад, он садоеро ки вайро ба сӯи Зарифа некашад, чӣ навъ хомӯш намояд? Не, вай ҳам ба саволҳои худ посухе намеёфт. Ҳеҷ гумон надошт, ки дар умраш ба чунин муаммои дучор хоҳад омад...
Едигей чандин маротиба ба худ аҳд кард, ки ба ӯ рӯирост ва ошкоро бигӯяд, ки ӯро дӯст медорад ва ҳозир аст, ки ҳамаи душвориҳои зиндагонии ӯро ба зиммаи худ гирад, чунки зиндагии худро дур аз онон, дар ҷудоӣ аз онон тасаввур карда наметавонад. Аммо ин корро чӣ тавр мекунад? Ва оё ӯ мақсади Едигейро хоҳад фаҳмид? Охир ба сари токаи ӯ ин қадар мусибат омадааст, охир худи ӯ дар чӣ холесту боз акаи Едигеяш ба наздача биояду изҳори ишқ кунад! Оё ин айб нест? Едигей дар ин хусус фикр карда-фикр карда, дилтанг мешуд, маҳзун мешуд ва боз худро ба даст гирифта кӯшид худро чунон вонамуд кунад, ки дар назари мардум бояду шояд.
Рӯзе аз рӯзҳо вай ҳамин хел як ишорае намуд. Аз қитъаи дур бармегашт, дид, ки Зарифа сатил бардошта, ба сӯйи цистернаи об меравад. Чизе ӯро ба он сӯ тела дод ва ӯ бирафт. На аз он сабаб, ки мавриди муносиб буд, баҳонае буд, ки сатилҳои ӯро бардошта, то ба хонааш бирасонад. Онҳо қариб рӯз дар миён ва гоҳо ҳар рӯз якҷоя кор мекарданд ва ҳар қадар хоҳанд гапзанон карда метавонистанд. Аммо маҳз дар он дақиқа дар дили Едигей майли пурзӯре пайдо шуд, ки зуд ба назди Зарифа биравад ва он чизеро ки дигар пинҳон дошта наметавонад, ба ӯ изҳор намояд. Ҳатто дар ҳамон ҳоли пуриштироб аз дил гузаронид, ки Зарифа матлаби ӯро нафаҳмад ҳам, майлаш, бигузор, ки сухани ӯро рад намояд, дар он сурат дилаш таскин меёбад ва рафта-рафта сард мешавад...
Зарифа наздик омадани Едигейро намедид ва намешунавид. Чумаки цистернаро кушода рӯ ба дигар сӯй рост меистод. Як сатили пур ба каноре гузошта шуда буд. Дар зери ҷараёни об сатили дуввум меистод ва низ пур шуда, об аз лабаш ба замин мерехт. Чумаки цистерна то охир кушода шуда буд. Об кафжкунон мерехту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё