Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

обаш як замонҳо хушкшуда ба шаст қадам мезаду фарсахҳои касе ношумурдан дашти Сари Озекро паси сар мегузошт. Едигей дар болои он савор буду ғарқи олами хаёлоти худ... Ва фикру эҳсосоти мухталиф вуҷуди ӯро ба андозае тасхир карда буданд, ки ҳамин биёбони бекарон ҳам бароиш тангӣ мекард ва намедонист, ки чӣ кор кунад... Ҳоли тоқатфарсое дошт ӯ...

Ба ҳамин минвол ба Кумбел бирасид. Дилаш мехост, ки ба хатҳои ба хешовандон навиштаи Зарифа ниҳоят ҷавоб омада бошад, аммо аз андешае ки хешовандон метавонанд оилаи бесарвар мондаро ҳамроҳи худ ба кишварҳояшон гирифта бибаранд ё ба назди худ даъват бикунанд, боз дилаш ба изтироб меафтод. Дар почта дар қитъаи мактубхон бозхостӣ ба ӯ гуфтанд, ки барои Зарифа Қутлибоева номае нарасидааст. Ва Едигей ғайри чашмдошти худ аз ин хабар шод шуд. Ҳатто бар хилофи виҷдонаш як андешаяки ноаслу ночизаке низ лаҳзае пайдо шуду ғайб зад: «Хайрият, ки набудааст». Сонӣ ӯ супориши Зарифаро бо дили соф иҷро намуд — ба се унвон се то телеграмма фиристод. Ва шомгоҳон ба хона баргашт...

Баҳор рафту тобистон ҳам омад. Сабзаи зумуррадгун ба мисли хоби хуш як намудор шуда, зуд нопадид гардид. Алафҳо сӯхта, пажмурда шуданд, дашти зарди Сари Озек аз сари нав зард-зард гардид. Ҳаво торафт метафсид ва мавсими гармо наздик мерасид. Аз хешовандони Қутлибоевҳо ҳамчунон на хатте мерасид, на хабаре. На ба хатҳо ҷавобе навиштанд, на ба телеграммаҳо. Аз дурароҳ Бӯрони ҳамчунон ба ин сӯ ва он сӯ қаторҳо мегузаштанду зиндагонӣ бо маҷрои худ дар ҷараён буд...

Зарифа дигар умедашро аз ҷавоб канда буд, фаҳмида буд, ки ба мадади хешовандон чашм дӯхтан фоида надорад, ба онҳо дигар мактуб навиштан, ёрӣ диҳед гуфта, муроҷиат кардан лозим нест... Ва ба ин хулоса омада, торафт камгап мешуд, маъюс мегардид. Фикр мекард, ки акнун чӣ кор кунад, сари худро гирифта, ба куҷо биравад?.. Ба бачаҳо хабари гаронро аз падарашон чӣ гуна бирасонад, гапро аз куҷо сар кунад, рӯзгори харобшударо чӣ тавр саранҷом диҳад? Ба ҳамаи ин саволҳо посухе набуд.

Барои онҳо, эҳтимол, на камтар аз Зарифа Едигей ғам мехӯрд. Ҳамаи бӯрониҳо ғам мехӯрданд, лекин фақат Едигей медонист, ки фоҷиаи ин оила шахсан ба сари

пешина
аз 293
навбатӣ