Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
муҳит осуда бошад ва хатаре таҳдид накунад ҳам худро дигар хел, на он тавре ки дар рӯи замин аст, эҳсос мекунад. Дар рӯи мавҷҳо озодона сайр кардан, ҳатто бо ягон кори зарур машғул будан ҳар қадар гуворо бошад ҳам, акси шафақи субҳ ё ғуруби офтоб дар сатҳи об ҳар қадар назаррабо бошад ҳам, — кадом соҳил ки набусад, ба ҳар оина ба соҳил баргаштан зарур аст. Як умр дар рӯи об шино карда гашта намешавад. Дар соҳил зиндагонӣ дигар хел. Баҳр ҷои муваққатист, замин доимист. Ва агар ба соҳиле расидан ба дилат даҳшат ангезад, ҷазираеро бояд дарйӯ кунӣ, он ҷо манзил бигузинӣ ва бидонӣ, ки ҷои ту ҳамин ҷост ва бояд доимо ин ҷо бошӣ. Ҳатто ба хаёлаш омад, ки агар чунин ҷазира ёфт мешуд, Зарифаро бо бачаҳояш мегирифту дар он ҷо зиндагӣ карда мегашт. Писараконро ба баҳр омӯхта мекард ва то охири умраш аз тақдир нанолида, балки шукрона гуфта, дар ҷазираи миёна баҳр ба сар мебурд. Фақат ба ҳамин шарт, ки дар лаҳзаи дилҳоҳаш ӯро дида тавонад ва бидонад, ки барои ӯ одами даркорӣ, дилхоҳ ва азиз аст...
Ва баногоҳ аз ин орзуҳо худ ба худ ҳиҷолат мекашид ва ҳарчанд дар атроф ба масофаи садҳо километр аз одамизод ному нишоне набуд, ҳис менамуд, ки сару рӯяш суп-сурх шудааст. Ина бинед-а, бача барин ба олами орзуву хаёлҳо даромада рафтааст, дилаш ҷазира мехостааст... Дилат боз ягон чиз меҷустагист, а? Охир ҳамаи умрат, оила, бачаҳо, кору борат, роҳи оҳан ва, ниҳоят, Сари Озекат, ки номаълум ба он дил бастаӣ, туро магар аз дасту по дар ин ҷо баста намондаанд?... Ба Зарифа ҳам вай ба чӣ лозим аст? Аҳволи ӯ, бешубҳа вазнин аст, аммо чаро вай бояд, худро чунин шахсе пиндорад, ки барои Зарифа одами дилхоҳе мешудааст? Аз писаракон ҷои шубҳа нест, вай онҳоро аз тахти дил дӯст медорад ва онҳо низ ба вай унс гирифтаанд. Хӯш, Зарифа аз чӣ сабаб ба ӯ майл мекардааст? Ва умуман ӯ чӣ ҳақ дорад, ки ин гуна хаёлҳоро парварад? Охир зиндагонӣ ҷои ӯро кайҳо нишон додааст ва аз эҳтимол дур нест, ки то дами вопасинаш ҷои ӯ ҳамон бошад...
Қаранори Бӯронӣ аз пайроҳаи шиноси борҳо дидааш роҳ мепаймуд. Вай медонист, ки боз чӣ қадар масофа дар пеш аст ва бидуни мудохилаи соҳибаш гоҳ-гоҳе наъра кашида ва дам ба дам сабук-сабук нолишкунон аз пастию баландиҳо, сою чарҳо, аз лаби шӯркӯли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё