Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
нест. Пас ба ҳамин қарибӣ аспро аз Яккамеҳ кушода, ба роҳ баромадан мумкин...
Едигей Бӯронӣ ҳамаи ин гапҳоро шунида, ҳайрон шуд, ба риққат омад ва маҳзун шуду оҳиста худро ба каноре кашид. Аз ҳамон рӯз ӯ бо сангча фол диданро бас кард...
Аммо кӯдак ба ҳар ҳол кӯдак аст, навъе карда дилдорӣ додан, умедвор кардан метавон, ҳеҷ набошад, таваккал гуфта, ба муддате фириб додан ҳам мумкин.
Дар дили Едигей Бӯронӣ боз як андӯҳе манзил гирифт.
Дар он шароит, дар он силсилаи воқеот пайдо шудани он чиз табиӣ буд ва он, чун кӯҳпораи ба такаш об рафта ва омада ба фурӯ ғалжидан, мебоист як рӯз не як рӯз аз ҷои худ мечунбид ва Едигей ёрое надошт, ки онро боздорад...
Барои Зарифа вай бисёр ғам мехӯрд. Ҳарчанд, ки сӯҳбатҳои байни онон аз доираи гуфтушунидҳои муқаррарӣ берун намерафт, ҳарчанд чи аз даҳони Зарифа ягон калима намебаромад, ки боиси ин гуна фикру андеҳаҳо шуда тавонад, бо вуҷуди он Едигей пайваста дар бораи вай фикр мекард. Аммо ҳамдардию ғамхории вай, азони ҳар як каси дигар барин ҳамдардию ғамхории оддӣ набуд, вай на фақат барои он ғусса мехӯрд, ки ҳоли ӯро бо чашми худ медиду хуб медонист, мусибатҳои ба сари ӯ омадаро худаш шоҳид буд. Агар фақат ҳамин мебуд, дарди бахайр. Вай дар бораи Зарифа бо муҳаббат фикр мекард, шабу рӯз фикр мекард ва ҳозир буд барои ӯ шахсе бишавад, ки дар ҳаёташ такягоҳ бошад. Ва агар вай пай мебурд, ки ӯ низ, фарз кардем, чунин мешуморад, ки маҳз вай, яъне Едигей Бӯронӣ дар рӯи олам ӯро аз ҳама бештар дӯст медораду аз ҳама зиёдтар садоқат дорад, агар инро пай мебурд, худро саодатманд медонист.
Лекин чунон вонамуд кардан, ки дар дили вай ба Зарифа ягон ҳиссиёте нест ва дар байни онҳо ҳеҷ гапе нест ва на бояд бошад, ин амр барои Едигей азоби алиме меовард!...
То ба Қумбел расиданаш ҳамаи роҳ бо ҳамин гуна
андеҳаҳо банд буд. Тамом ба танг омад. Хаёлаш дам
ба дам дигар мешуд, рухаш гоҳ меболиду гумон мекард, ки ӯро иде дар пеш аст, гоҳ мекосту ҳис мекард,
ки ҳамин ҳоло ба дарде гирифтор хоҳад шуд. Ва дар
ин вазъ баъзан ба назараш чунон мерасид, ки вай боз
ба паҳнои баҳр баромадааст. Одам ба рӯи баҳр барояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё