Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Бӯронӣ бо сангчаҳо фолбиниро сар мекард. Вай акнун доимо чилу якто сангчаи аз нахӯд андак калонтарро дар кисааш бардошта мегашт. Ин тарзи деринаи фолбинӣ нишонаҳои мураккаби рамзӣ ва истилоҳоти қадимии худро дошт. Едигей сангчаҳоро паҳн карда, зери лаб калимаҳои сеҳргаронаро такрор мекард ва аз сангчаҳо талаб менамуд, ки аз дили соф ва холисона ҳақиқатро арз кунанд, бигӯянд, ки оё Абӯтолиб ном шахсе зиндаву саломат аст, дар куҷост ӯ ва пеши роҳаш кай боз мешавад ва ҳоло дар чеҳрааш, дар дилаш чӣ ҳолате акс ёфтааст? Бачаҳо хомӯш нишаста, аз сангчаҳо чашм намеканданд.
Боре аз паси иморат шибир-шибир кардани чизе ва пичирроси касе ба гӯши Едигей расид. Писаракони Абӯтолиб буданд. Акнун худи Эрмек бо сангчаҳо фол медид. Онҳоро ба таври худаш паҳн карда, ҳар кадомашро алоҳида-алоҳида бардошта, ба пешонӣ ва лабонаш наздик меовард ва изҳори садоқат мекард:
— Туро ҳам дӯст медорам. Ту ҳам бисёр боакл ҳастӣ, сангчаи хубӣ. Ту ҳушёр шав, ки хато накунӣ, пешпо нахурӣ, сангчаҳои амаки Едигей барин аз дили соф ва холисона ҳақиқатро бигӯ. — Сонӣ ӯ суханони Едигейро айнан такрор намуда, чою мавқеи сангчаҳоро ба акааш таъбир мекард.— Мана, Даул, дидӣ, аҳвол чандон бад нест, ҳаргиз бад нест. Ана ин роҳ аст.
Андак туманолуд менамояд, яъне ки туман фаромадааст, аммо ин ҳеҷ гап не. Амаки Едигей мегӯяд, ки роҳ ҳеҷ гоҳ бе монеаю бе носозиҳо намешавад. Падарамон ба роҳ омада шудааст. Мехоҳад худро болон зин бигирад, лекин пуштанг сахле суст шудааст. Мана, бин, пуштанг ковок аст. Онро таранг кашидан лозим. Пас чизе будааст, ки падарро аз роҳ медорад. Сабр кардан лозим меояд. Акнун ба паҳлӯи росту паҳлӯи чапаш менигарем. Ҳамааш бутун, саҳат-саломат. Хайрият. Хӯш, дар чабинаш чист? Дар чабинаш чин. Хотираш, Даул, аз мо ҷамъ нест. Дилаш ҳам, ана ба ин сангча бинигар, дилаш ҳам пур аз ғаму ғусса, хонаро бисёр, бисёр пазмон шудааст. Аммо роҳаш кай боз мешавад? Ба қарибӣ. Э афсӯс, дар пои паси асмаш якта наъл ковок шудааст. Онро аз нав мех задан лозим. Пас, боз андаке сабр кардан даркор. Хӯш, дар хӯрчинаш чӣ хаст?
Ҳа, чизҳои аз бозор харидааш. Ку, бубинем, ситораҳо чӣ мегӯянд. Ана ин ситора — Яккамехи заррин. Аз он ба ин сӯ пайраҳае кашол шудааст, аммо чандон равшан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё