Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

найзорон сайёдони милтикдор камин гирифта мешинанд. Баҳорон мурғобиҳо ба сӯи Баҳри Арал парвоз карда меоянд. Онҳо зимистонро дар дигар баҳрҳо гузаронидаанд, дар он ҷоҳо ки ҳаво гармтар аст, аммо ҳамин ки дар Баҳри Арал яхҳо об мешаванд, онҳо шаб аз шаб, рӯз аз рӯз нагуфта, бошитоб ба ин сӯ парвоз мекунанд, чунки ин ҷоҳоро бисёр, бисёр пазмон шудаанд. Онҳо ба селаҳои калон-калон ҷамъ омада парвоз мекунанд, мехоҳанд ба манзил расида, оббозӣ кунанд, шиноварӣ кунанд, ба об ғӯта зада, частухезҳо кунанд. Барои ҳамин ба қадри наздик расидан ба соҳил паст-паст парвоз мекунанд, аммо баногоҳ аз миёни найзорон дуду оташ мебарояд: карс-карс-карс! Ин садои милтики сайёдон аст. Мурғобиҳо фиғоне кашида, сарозер ба об меафтанд. Боқимондаҳошон тарсида ба миёнаҷои баҳр мераванд ва намедонанД, ки чӣ кор кунанд, дар куҷо зиндагонӣ кунанд. Ва дар болои мавҷҳо сарсону саргардон шуда мегарданд. Охир онҳо ба шино кардан дар қарибии соҳилҳо одат кардаанд. Аммо аз наздик шудан ба соҳил метарсанд.

— Амаки Едигей, якто мурғобӣ ба он тараф, ба ҷои омадааш парида рафт-ку!

— Барои чӣ ба он тараф парид?

— Охир, отаяки ман дар ҳамон тараф-ку, баҳрнавард аст вай, дар киштии калон шино мекунад. Амаки Едигей, охир худат гуфта будӣ-ку!

— Ҳа, рост, рост, — андак даступо гум карда тасдиқ мекунад Едигей. — Хайр сони чӣ шуд?

— Сони ин мурғобӣ ба пеши отаякам парида рафту гуфт, ки сайёдҳо дар найзор камин гирифта шиштаанд ва ба онҳо тир андохтанд. Гуфт, ки онҳо акнун намедонанд, ки дар куҷо зиндагонӣ кунанд!

— Ҳа, ҳа, рост мегӯӣ.

— Соғӣ отаякам ба он мурдобӣ гуфт, ки ба қарибӣ ба хонааш меояд, дар дуроҳа ду писари ӯ — Даул ва Эрмек зиндагонӣ мекунанд, боз амаки Едигей ҳаст. Ва ҳамин ки вай баргашт, ҳама якҷоя мешавему ба Баҳри Арал меравем ва сайёдонеро ки ба мургобиҳо тир андохтаанд, аз найзорон пеш мекунем. Мургобиҳо дар Баҳри Арал боз осуда зиндагонӣ кардан мегиранд... Боз оббозӣ мекунанд, мана ин тавр бо сарашон ғӯта мезананд...

Вақте ки захираи ҳикоятҳо ба охир мерасид, Едигеи

пешина
аз 293
навбатӣ