Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
кӣ!.. Ҳозир сабр кун, ҳозир ин Қазонқопро!.. Ҳозир ба вай нишон медиҳам!..
Чанд рӯз баъди ин Едигей аз назари Зарифа қанора меҷуст. Вай ҳам, ба назари Едигей, аз мулоқот мегурехт. Едигейи Бӯронӣ пушаймон буд, ки беҳуда аз даҳанаш ҳамин гап баромада рафту зани бечораро, ки бидуни ин ҳам мубталои ғаму ғурбат аст, ба ҳиҷолат монанд, болои сӯхта гӯё намакоб рехт. Ҳар қадар ҷӯяд ҳам барои худ ягон баҳонае, чизе боиси таскин ёфта наметавонист. Ва ин лаҳза ба солҳои дароз, шояд то дами вопасинаш дар лавҳи хотираш сахт нақш баст: писараки ба гардани ӯ часпидаи бепаноҳ ва ранҷидаро ӯ бо тамоми ҳастиаш ба оғӯш кашидаасту дилаш аз шиддати изтироб ва раҳму риққат ба ҷӯш омадааст; модараш бошад, аз ин манзара моту мабҳут гардида, бо фарёди беовози пурандӯҳ ба рӯи ӯ чашм дӯхтааст...
Едигейи Бӯронӣ муддате пас аз ин воқеа сокит гашт ва ҳамаи он эҳсосотро ки дар дил ниҳон медошт, ба писаракони Зарифа равона намуд. Ҳар соати холие ки дарёфт, ҳамроҳи онон мегузаронид ва ҳикоятҳои худро дар бораи баҳр гоҳ такрор ва гоҳо тамоман аз нав сохта, нақл мекард. Дилкаштарин мавзӯи сӯҳбатҳояшон ҳамин буд. Моҳихӯракҳо, моҳиҳо, паррандаҳои аз ҷое ба ҷое кӯчанда, ҷазираҳои Баҳри Арал, ки он ҷо ҷонварҳои дар олам ноёб зиндагонӣ мекунанд. Ҳангоми ин сӯҳбатҳо ба ёди Едигей торафт бештар ва исроркоронатар саргузашти худаш мерасид, ки дар Баҳри Арал рӯй дода буд, вале он ягона чизе буд, ки Едигей ба дигарон нақл намекард. Ва алалхусус ба бачаҳо. Онро фақат ду кас медонистанд: худаш ва занаш Укубала ва онҳо низ аз он хусус байни худ ҳаргиз даҳон намекушоданд, чунки он воқеа ба нахустин фарзанди нобудшудаи онон марбут буд. Агар он писарак зинда мемонд, ҳоло аз бачаҳои бӯрониён, ҳатто аз Собитҷони Қазонқоп ҳам тахмин ду сол калонтар мешуд. Афсӯс ки талаф шуд. Ва ҳол он ки одамизод ба умеде соҳиби фарзанд мешавад, ки вай баъди ба дунё омадан умри дароз мебинад, умри бисёр-бисёр дароз мебинад, вагарна чӣ суд аз ташвиши оиладорию бачакалонкунӣ?..
Ҳа, он ҳодисаи аҷибу ғарибе буд, ки эҳтимол дар умри одам фақат як бор рӯй диҳад ва дигар такрор нашавад. Едигей ва Укубала ҷавон буданд, ҳанӯз ҷанг сар нашуда буд. Едигей моҳигир буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё