Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ӯ бағаласояшро тӯққасзанон ба пеш мепартофт, китфҳояш ба як тарзи ғайритабиӣ баланд мешуданд ва сипас ба замин шалаппосзанон совиш ёфтани кафи мӯзаи фарсудаи сарбознаш ба гӯш мерасид...

Едигей дид, ки баногоҳ дар пеши даромадгоҳи истгоҳ издиҳоме ҷамъ омад. Одамон сари худро бардошта, нигоҳ мекарданд, ки чӣ тавр чанд нафар ба девор нардбон гузошта, сурати калони Сталинро дар либоси низомӣ ва ҳошияи мотам бар болои даромадгоҳ меовехтанд.

Едигей маънои суханони зани бағаласодорро акнун фаҳмид. Акнун пай бурд, ки чаро аз радио ин қадар савтҳои ҳазин ба гӯш мерасиданд. Мавриди дигар мешуд, вай ҳам аз ҷояш хеста, дар қатори одамон меистод, мепурсиду мефаҳмид, ки ин одами бузург, ки касе гардиши айёмро бидуни ӯ тасаввур карда наметавонист, кай ва чӣ тавр вафот кардааст. Вале ҳоло бе ин ҳам ғами худаш ба худаш мерасид. Вай чизе нагуфт. Ва Зарифаро низ ба касеву чизе коре набуд...

Қаторҳо, чунон ки бояду шояд, ба роҳи худ идома медоданд. Пас аз ним соат мебоист қатори рақами ҳабдаҳум мегузашт. Вай ба мисли ҳамаи қаторҳои мусофиркаш дар Бӯрони барин дуроҳаҳо намеистод. Ва дар гӯшаи хаёли касе ҳам набуд, ки қатори рақами ҳабдаҳ ин дафъа дар дуроҳаи Бӯронӣ хоҳад истод. Едигей бо дили пур ва қатъӣ ба чунин қароре омада буд. Вай ба Зарифа гуфт:

— Мо ба зудӣ бармегардем. Ним соати дигар вақт мондааст. Ту бояд чӣ кор карданатро хуб мулоҳиза кунӣ. Бачаҳоро аз марги падарашон ҳоло огоҳ мекунӣ ё сонитар? Ман туро тасаллӣ ё маслиҳат доданистам нестам. Ихтиёр ба худат. Акнун худат ҳам ба ҷои падар ҳастӣ, ҳам ба ҷои модар. Ҳоло ки ба хона нарасидаем, бояд ба як хулоса биой. Агар бачаҳоро ҳозир огоҳ кардан нахоҳӣ, худатро ба даст бигир. Дар пеши онҳо набояд оби дида резонӣ. Оё сабру токатат мерасад? Дар пеши бачаҳо чӣ хел рафтор карданамонро низ бояд бидонем. Фаҳмидӣ? Ин масъала бисёр нозук аст.

— Майлаш, фаҳмидам, — гирьяомез ҷавоб дод Зарифа. — То ба хона расиданамон фикр мекунам, баъдтар мегӯям. Ман ҳозир, ман худамро ба даст мегирам. Ман ҳозир...

Дар бозгашт низ манзараи дохилии вагон ҳамон гуна буд. Одамон ба ҷамоае гирд омада, ҳама ҷоро аз

пешина
аз 293
навбатӣ