Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту медонистӣ?
Едигей сар ба зер афканд.

Зарифа ба харак нишасту рӯй бо дастонаш пӯшид, сипас сари худро маҳкам дошт, гӯё дар акси ҳол вай метавонист аз танаш ҷудо шуда биафтаду пора-пора шавад. Ва баъд талху тунд бигирист, ба ҷуз худ ва дарду аламу талафоти худ дигар ҳамаро аз ёд бурдӯ бигирист. Пайкараш ба мушти пуразоби ларзоне бадал шуд, вуҷудаш ба туғёни ранҷи беандоза торафт бештар, амиқтар ғарк мегардид. Едигей дар паҳлуяш менишаст ва мисли он дақиқае ки Абӯтолибро мебурданд, ҳозир буд, ки ба ҷои он мард бошад ва ҳар машаққате пеш ояд, лаҳзае дудила нашуда, бар дӯши худ бигирад, то ин занро аз садама эмин гардонад. Ва дар айни ҳол дарк менамуд, ки то аввалин мавҷи токатфарсои мусибат аз сар гузашта наравад, илоҷи таскин додани ӯ, чораи ором карданаш нест.

Ба ҳамин тариқа рӯи хараки хиёбонаки назди истгоҳ менишастанд. Зарифа фик-фик мегиристу беихтиёр меларзид ва лаҳзае буд, ки лифофаи ғичимшударо бо номаи фоҷиаосораш ба каноре андохт. Худаш зинда набудаҳ, коғази шумҳабараш ба кӣ лозим буд? Едигей лифофаро аз замин бардошта, ба кисааш андохт. Сонӣ дастрӯмолашро бароварда, панҷаҳои Зарифаро ба зӯрӣ аз рӯяш ҷудо карда, маҷбур намуд, ки оби дидагонашро пок кунад. Аммо ин кор ҳам суде наовард.

Бар фазои истгоҳ аз радио гӯё дониста, мусиқии ниҳоят ғамангези мотам паҳн мешуд. Осмон ҳамчунон тира ва серабр буд, ҳамлаҳои бод ҳам касро безор мекард. Роҳгузарон бо гӯшаи чашм ба Зарифаю Едигей назар афканда, эҳтимол, дар дилашон мегуфтанд, ки онҳо бо ҳамдигар ҷанҷол кардаанд. Мардак занашро сахт ранҷонидааст, аз афти кор... Лекин маълум шуд, ки на ҳама ин хел гумон мекарданд.

— Гирья кунед, одамони нек... Бигирҳед, — садои ҳамдардонае баромад аз наздикнии онон.— Падари ҷоноҷонамонро аз даст додем! Вой ба ҳоли мо!

Едигей сар бардошта, занеро дид, ки шинели кӯҳна дар бар, бо бағаласо аз пеши онҳо мегузашт. Як пои ӯ аз рон поён набуд. Едигей ӯро мешинохт. Иштироккунандаи ҷанг буд, дар кассаи билети истгоҳ кор мекард. Чашмонаш аз гирья варамида буданд ва ӯ ҳамчунон роҳравон мегиристу мегуфт: «БигирёнЕД. БигирёнЕД. Вой ба ҳоли мо!» Ва ашкрезон гузашту рафт. Ҳар боре ки

пешина
аз 293
навбатӣ