Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дуди тамоку пур карда, сар то сари мамлакати бузург сафар мекарданд.
Зарифа ва Едигей ба вагони купэдор афтоданд. Ин ҷо мусофир камтар буд ва онҳо аз як гӯшаи гузаргоҳ, аз назди тиреза ҷой гирифтанд, то ба дигарон халал намерасонанд. Едигей аз нишастгоҳи ба девори долон пайваста ҷой гирифт. Зарифа дар паҳлуи ӯ рост истода, ба тиреза менигарист, гарчи Едигей ба вай ҷои худро таклиф карда буд.
— Не, — гуфт Зарифа, — рост биистам, беҳтар.
Зарифа ҳанӯз фиқ-фиқ мегирист, ба тиреза чашм дӯхта кӯшиш мекард мусибати ба сараш афтодаро андак барқанор намояд ва изтиробашро фурӯ нишонида, ҳушу ёдашро ба як нуқта ғундораду лоақал рӯзгори нави бевазанонаашро ба андеша бигирад. Пештар умеде буд, ки як рӯз не як рӯз ҳамаи ин ғаму андӯҳ ба мисли як хоби даҳшатнок қатъ мегардаду Абӯтолиб дер ё зуд бармегардад — охир ҳеҷ мумкин набуд, ки иштибоҳ ошкор ва масъала ҳал нашавад — ва ҳамаи оила боз якҷоя мешавад. Он тарафаш оҳиста-оҳиста дуруст шуда мерафт, ҳар қадар мушкил бошад ҳам, илоҷе ёфта, зиндагониашонро ба низом медароварданд. Сабру тоқат мекарданд, писарҳоро тарбият карда, ба воя мерасониданд. Оре, пештар ҳамин гуна умеде вуҷуд дошт. Акнун ҳамон ҳам нест.
Басо гарон буд бори андешаҳои Зарифа.
Едигей Бӯронӣ низ дар ҳамин хусус фикр мекард, зеро ӯ аз тақдири ин оила ташвиш накашида наметавонист. Ин ҳам як амри тақдир будааст. Лекин Едигей қарор дода буд, ки назар ба ҳарвақта бояд орому пуртамкин бошад ва бо рафтори худ ба Зарифа бовару эътимод талқин намояд. Ва дуруст мекард, ки Зарифаро шитоб намекунонид. Худи Зарифа гирьяро бас карда, ба сухан даромад.
— Ҳоло ҳозир аз бачаҳо марги падарашонро бояд пинҳон дорам, — гиряро ба зӯр фурӯ нишонда, бо овози канда-канда гуфт Зарифа. — Ҳозир наметавонам. Хусусан Эрмек... Барои чӣ кӯдак ин қадар сахт дил бастааст? Маро ваҳм зер мекунад... Умеду орзӯҳои онҳоро чӣ гуна барбод медиҳӣ? Ҳолашон чӣ мешавад? Поёни зиндагониашон ҳамин умед аст. Падарро нигаронанд, ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа нигаронанд... Пас аз муддате аз ин ҷоҳо рафтан лозим меояд, ба ягон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё