Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ҷавоб дод Едигей. — Чаро бачаҳоро мепурсии?
— Хабари нохуш овардам, — гуфт Қазонқоп ба Едигей ва Укубала муроҷиат карда. — Ҳоло ҳозир бачаҳо нафаҳманд, беҳтар. Мусибати калон. Абӯтолибамон мурдааст!
— А? Наҳод? — Як қад парид Едигей, Укубала бошад, нидои кӯтоҳе бароварду даҳонашро ба кафи дасташ пӯшид ва ранги рӯяш девор барин сап-сафед шуд.
— Ҳа, мурдааст! Бачаҳои бадбахт, ятимчаҳои шӯрбахт! — бо овози нимҳирриву нимпичирросӣ гуфт Букей.
— Чӣ хел? Қай? — пурсид Едигей, ки ба хабари шунидааш ҳанӯз бовар намекард ва ҳаросон ба Қазонқоп наздиктар омад.
— Ба истгоҳ қоғаз омадааст.
Ва ҳама банохост хомӯш гардиданд. Касе ба дигаре нигоҳ намекард.
— Ана рӯзи сиёҳ! Мана рӯзи фалокат! — сари худро дошта ва ба ду тараф алвонҷ хӯрда, мегирист Укубала.
— Ку ҳамон қоғаз? — ниҳоят пурсид Едигей.
— Қоғаз дар ҷояш, дар истгоҳ, — ба нақл даромад Қазонқоп. — Ман ба интернат даромада баромадам. Сонӣ гуфтам, ки сари қадам ба вокзал биравам. Он ҷо дар толори калонаш якта магазинча буд, Букей таъин карда буд, ки собун биёр. Аз дар надаромада, аз рӯ ба рӯям сардори истгоҳ Чернов баромад. Саломуалек кар-дем, охир кайҳо боз ошноем. Сонӣ вай гуфт: «Нағз шуд, ки туро дидам. Биё, ба кабинети ман дароем, як-та хат ҳаст, ба дуроҳа мебарӣ». Кабинеташро кушод, даромадем. Аз даруни мизаш якта лифофа баровард, дар рӯяш ҳарфҳои чопӣ. «Абӯтолиб Кутлибоев, гуфт, дар дуроҳаи шумо кор мекард?» Ҳа, гуфтам, чӣ буд? «Се рӯз пеш мана ин қоғаз омада буд. Як кас ёфт на-шуд, ки ба Бӯронӣ дода фиристам. Ма, ба занаш би-деҳ. Ба хаташ ҷавоб омадааст. Навиштаанд, ки вай мурдааст», — гуфт сардор ва боз як калимаи ношинос-ро илова намуд. «Аз инфаркт мурдааст» гуфт. Пурси-дам, ки инфаркташ чист? Ҷавоб дод, ки сактаи қалб, яъне ки дилаш таркидааст. Мана оқибат — дилаш ка-фидааст. Ман дар ҷои нишастам шах шуда мондам. Аввал бовар накардам. Он қоғазро ба дастам гириф-там. Дар он навишта шудааст: ба сардори истгоҳи Кумбел. Ба дуроҳаи Бӯронӣ ба гражданка фалонӣ ҷа-воби расмӣ ба номаш расонда шавад. Ва баъд гуфта
212

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё