Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дер мондани ҷавобро дар он медиданд, ки дурохаи Бӯронӣ бо почта робитаи бевосита надошт. Муросилоти почта ба воситаи Кумбел мегузашт ва он ҳам ба салоҳдиди савобҷӯён... Ва ин тарзи алоқа, чуноне маълум аст, хеле кашолакор аст.
Воқеан, яке аз рӯзҳо маҳз ҳамин тавр шуд...
Охирин рӯзҳои моҳи феврал буд. Қазонқоп ба Кумбел бирафт, то аз ҳоли Собитҷон дар интернат хабар бигирад. Уштурсавор бирафт, чунки дар фасли зимистон кас ба қатори боркаш савор шавад, сармо мезанад. Ба даруни вагон даромадан мумкин нест, манъ шудааст, дар айвонаки кушод бошад, боди сард чашм кушодани намемонад. Либоси гарм пӯшида, ба уштур савор шавӣ ва агар гашти уштурат нағз бошад, дар як рӯз баҳузур ба Кумбел рафта меоӣ, коратро ҳам буд мекунӣ.
Қазонқоп бегоҳи ҳамон рӯз баргашт. Едигей лаҳзаи аз уштур фаромадани ӯро дида, дар дилаш гуфт, ки кайфаш он қадар ҷӯр нест, хотираш гирифта менамояд, аз афти кор, писараш дар интернат ягон номаъқулӣ кардагист, ба замми ин хаста ҳам шудааст, ба ин қадар роҳ лӯк-лӯкунон рафта омадан ба гуфтан осон.
— Сафар ба хайр! — нидо баровард Едигей.
— Бале, — мухтасар ва бо овози хафа ҷавоб дод Қазонқоп, ки бо фаровардани бору бунааш машғул буд. Сонӣ ба Едигей рӯй оварду дақиқае фикр карда истода пурсид: — Ту ҳозир дар хонаат мешавӣ?
— Ҳа, дар хона.
— Як кор дорам. Ҳозир ба наздат меоям.
— Биё, биё.
Қазонқоп зуд омад. Ҳамроҳи Букеяш омад. Худаш пешопеш, занаш аз дунбол. Ҳар ду парешон менамуданд. Қазонқоп намуди хастаҳолонае дошт, гарданаш боз дарозтар шудааст гӯё, китфонаш хамидаанд, мӯйлабҳояш кашол. Букеи пуррабадан базӯр-базӯр нафас мекашид, гӯё дилаш танг шуда, бисёр сахт метапид.
— Чаро афту андоми шумо инхелӣ? Мабодо-ку ҷанҷол-панҷол накардаед? — ҳазломез пурсид Укубала. — Мехоҳед, ки мо оштинатон диҳем? Марҳамат, нишинед.
— Кошкӣ ҷанҷол мекардем, — бо садои хаста гуфт Букей ҳамчунон гарон-гарон нафас кашида.
Қазонқоп ба атрофаш назаре афканда пурсид:
— Духтарчаҳотон дар куҷо?
— Дар хонаи Зарифа, бачаҳокатӣ бозӣ мекунанд, —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё