Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бо чунон эътиқоде часпида, аз ду бари китфаш маҳкам қапида буд ва ҳамин гуна кӯдаки дигар бо чунин боварӣ бузург дасти ӯро дошта мерафт, ки Едигей мехост, агар илоҷаш бошад, аз шиддати алам фарёдҳо занад.
Ҳамин тавр онон қад-қади роҳи оҳан дар биёбони бекаси Сари Озек қадам мезаданд ва фақат қаторҳо гоҳ ба ин сӯ тозон гузашта мерафтанду гоҳ ба он сӯ. Оре, аз дуродур меомаданд ва мегузатанду мерафтанд...
Ва боз Едигей водор шуд, ки ба кӯдакон дурӯғ бигӯяд. Вай гуфт, ки бачаҳо хато кардаанд. Он қаторе ки дар дуроҳан оннон тасодуфан қарор гирифта шудааст, ба дигар тараф рафтааст. Отаяки онҳо бошад, бояд аз тарафи дигар биояд. Аммо ӯ, эҳтимол, ба ин қарибиҳо наояд, чунки ӯро баҳрнавард таъин карданд ва ба кадом баҳре фиристодаанд ва ҳар вақте ки киштӣ аз он сафари дуродур баргардад, отаяк низ ба хона меояд. Алҳол сабр кардан лозим.
Ба гумони Едигей ин дурӯғ ба онҳо барои бардошт кардан кӯмак менамуд. Барои сабр то даме ки дурӯғ ба рост табдил наёбад. Едигей шубҳа надошт, ки Абӯ-толиб Қутлибоев хоҳад баргашт. Муддате мегузараду корашро дида мебароянд ва ҳамин ки озодаш карданд, як дақиқа таъхир накарда, ба хона хоҳад омад. Оре, падаре ки фарзандони худро ба ин тариқа дӯст медо-рад, ҳатто як сония даранг намекунад... Бинобар он Едигей дурӯғ гуфта буд. Едигей Абӯтолибро хуб меши-нохт ва назар ба дигарон беҳтар ба худ тасаввур кар-да метавонист, ки дарди ҷудоии ин одам чӣ гуна ба сар мебарад. Каси дигаре мешуд, аз айёми фироқ ин қадар тунду ба ин дараҷа сахт алам намекашид, алал-хусус ки он фироқ муваққатӣ бошад, ба ихтиёри ӯ во-баста набусад ва умеде бошад, ки ба зудӣ ба хонаи худ боз хоҳад омад. Аммо барои Абӯтолиб ҷудоӣ ба олитарини ҷазоҳо баробар буд. Ва Едигей ба ин шуб-ҳае надошт. Ва аз ин сабаб биме дошт. Бовар надошт, ки оё то охир бардошт медиҳад, яъне то даме ки кор ба маҳкама мерасад, мавриди баррасӣ мешавад ва хо-қазо...
Зарифа то он рӯз ба муассисаҳои дахлдор чанд мак-туб фиристода, хоҳиш карда буд ба ӯ ҷавоб нависанд, ки оё метавонад барои боздиди шавҳараш биравад. Ҳа-нӯз ҳеҷ гуна ҷавобе набуд. Қазонқоп ва Едигей низ дар ин хусус бисёр андеша мекарданд. Аммо мардон сабаби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё