Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
гуноҳашро биомурзад, ки кӯдакони соддадилро беихтиёр фанд додааст. Вай охир ин корро бо нияти бад накардааст. Акнун чӣ мегӯяд, чӣ ҷавобе медиҳад?
Эрмек ва Даул аз гирья варам карда буданд. Едигейро дидан замоно бо қувваи тоза доду фарёд бардоштанд ва сухани ҳамдигарро бурида, ба нақл даромаданд, ки қаторе ба дуроҳа расида, қарор гирифт, аммо падарашон барои фаромадан аз вагон фурсат ёфта натавонист, бигузор акнун амаки Едигей қаторро боз гардонад..
— Сагындым, атыкамды! Сагындым, сагындым! — дод мегуфт Эрмек ва бо тамоми ҳоли зораш, бо эътимод, бо умед ва мусибати худ илтиҷо менамуд.
— Ҳозир ман мефаҳмам. Бас, бас, гирья накунед! — доду фиғони бачаҳоро андак пасанда кардани мешуд Едигей. Дар айни ҳол ба худаш ҳам осон набуд. Ӯ мекӯшид, ки худаш низ ба ин озмоиш тоб оварад, суст наяояд, ҳолати ботинаш дар чеҳрааш зоҳир нашавад ва бачаҳо дар шахси ӯ одами заифу нотавонро набинанд. — Ана ҳозир меравем, худи ҳозир меравем! — мегуфт ӯ ва аз дил мегузаронид: «Ба куҷо меравем? Ба пеши кӣ? Ба куҷо меравем? Чӣ бояд кард? Чӣ бояд гуфт?» — Ана ҳозир аз хона мебароему фикр мекунем, маслиҳат мекунем, — нимғурма ваъда медод Едигей ва зери лаб берабтона чизе мегуфт.
Вай ба назди Зарифа омад. Зан дар кат рӯи худро ба болин зер карда хоҳобид.
— Зарифа! Зарифа! — ба китфи ӯ даст расонид Едигей.
Аммо вай ҳатто сар аз болин набардошт.
— Мо ҳозир баромада камтар мегардем, андак сайр мекунем, соӣ ба хонаи мо медароем, — гуфт ӯ ба Зарифа. — Бачаҳо ҳамроҳи мо монанд.
Ин буд ягона тадбире ки ӯ биандешид то бачаҳоро
каме таскин диҳад ва худ низ хушу ёдашро ба нуқтае
ғундорад. Эрмекро ба гарданаш савор карду дасти Даулро ба даст гирифт. Ва онҳо қад-қади роҳи оҳан равон шуданд. Дар дили Едигей ҳеҷ гоҳ ба ин дараҷа
ҳамдардӣ ба мусибати дигарон ҷойгир нашуда буд. Эрмек ҳамчунон бар дӯшаш савор буду фик-фик мегирист
ва нафаси гарму тар ва андуҳомезаш ба пушти гардан
мерасид. Кӯдакӣ аз ғаму ғусса дилфигор ба пайкари ӯ
1 Сагындым — пазмон шудам (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё