Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Дада, модарам мегиряд! — гуфту нопадид гардид.

Едигейро ба дил оташ афтод ва лыжаро ба гӯшае партофта, ба хона шитобид. Укубала чунон бо сӯз мегирист, ки аз тарс лаҳзае нафаси Едигей ба дарун афтод.

— Чӣ гап? Чӣ шуд?

— Кунфаякун шавад, сӯзаду хокистар шавад ҳамин олам, ҳамин дунёи лаънатӣ! — нафасгардон шуда навҳа мекард Укубала.

Едигей ҳеҷ гоҳ зани худро дар чунин вазъ надида буд. Ҳамеша зани пурбардошти солимакле буд.

— Ҳамаш кори ту, айби ту!

— Чӣ шудааст? Ман чӣ гуноҳе кардаам? — ҳайрон шуд Едигей.

— Ба кӯдакони бадбахт чиҳо гуфтӣ ин қадар? Чанд дақиқа пеш ин ҷо қатори мусофиркаш истод. Аз тарафи муқобил қатори дигар меомад, барои ҳамин истод. Чаро онҳо маҳз дар дуроҳаи мо рӯ ба рӯ омаданд? Бачаҳои Абӯтолиб қарор гирифтани қаторро диданду «Отаякам! Дадаҷонам! Отаякам омад!» гуфта, фарёдкашон давиданд. Рост ба сӯи қатор давиданд, ман аз қафояшон метохтам. Аз вагон ба вагоне медавиданду то ҷон доштанд, фиғон мекашиданд: «Отаякам! Дадаҷонам! Отаяки ман дар куҷост?» Тарсидам, ки ба зери чархи вагоне намонанд. Ягонта дар кушода нашуд. Бо вуҷуди он бачаҳо қад-қади он қатори тӯлонӣ медавиданду медавиданд. Вай, майдаякашро базӯр доштам, сонияш бо як азоб калоннашро ба даст гирифтам. Хайрият, қатор аз ҷояш ҷунбиду ба роҳ даромад. Бачаҳо бошанд, аз дастам баромада рафтани мешуданд. Доду фарёд мекарданд, ки «Отаякам дар он ҷост, аз вагон фаромада натавонист!» Дилам реш-реш шуд, чунон оҳу афғон мекарданд, ки гумон кардам, ҳозир девона мешавам. Аҳволи Эрмек ганда. Бирав, ором кун кӯдакро! Бирав, гуфтам! Ин кори ту, ту ба онҳо гуфтӣ, ки қатори мусофиркаш биистад, падаратон ҳам меояд. Кошкӣ бо чашми худат медидӣ ҳоли зори онҳоро: қатори мусофиркаш бирафту падарашон пайдо нашуд! Кошкӣ худат медидӣ! Зор монад ин зиндагонӣ, чаро падар ба фарзанд ин хел сахт дил мебандаду фарзанд ба падар? Кӣ баровардааст ин дарду аламро?

Ба назди бачаҳо чун шахси маҳкум ба қатл мерафт. Ва аз Худованд илтиҷо мекард, ки иноят фармояду

пешина
аз 293
навбатӣ