Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
отаякам роҳ гашта натавонад, ман ҳам барфбел-кунӣ мебароям. Ман белча дорам.
Едигей бо хотири гирифтаву ошуфта аз назди онҳо мебаромад. Аз шиддати алам, заъф ва раҳму шафқат дилаш ба дард медаромад. Аз ҳамаи дунёи равшан норизову даргазаб мешуд. Ва алами худро аз барфу бод, аз барфтӯдаҳо ва уштурони бегуноҳ мегирифту онҳоро беамон кор мефармуд. Худаш ҳам монанди як дев кор мекард, чунон кор мекард, ки гӯё ҳамаи бӯрони дашти Сари Озекро ба танҳоӣ мағлуб карда метавониста бошад...
Рӯзҳо дунболи ҳам сипарӣ мешуданд, чунон ки қатраҳои об паи ҳам ба як марому як низом фурӯ мерезанд, ногузиру лоилоҷ фурӯ мерезанд. Ана, январ ҳам гузашту рафт, шасти сармо андаке баргашт. Аз Абӯтолиб Кӯтлибоев ҳамчунон хату хабаре набуд. Едигей ва Қазонқоп ба ҳамдигар ҳар гуна тахмину фарзияҳои худро мегуфтанд, фикру ақидаи худро изҳор менамуданд. Ҳар ду ба натиҷае меомаданд, ки ӯро ба қарибӣ бояд озод намоянд. Хайр, охир вай гуноҳи азим накардааст-ку, чизе навиштааст, барои дигарон не, барои худаш навиштааст. Ҳамин гуна умеде доштанд онҳо дар дил ва ин умедашонро ба Зарифа ҳам талқин мекарданд, то ки устувор бошад, маъюс нашавад. Худи Зарифа низ мефаҳмид, ки ба хотири бачаҳо бояд иродаашро сангин кунад. Ва дар воқеъ, ӯ ҳамин гуна маҳкаму сангин гардид. Гӯшагир шуд, лабонашро ба ҳам зич фишурда мегашт, фақат чашмонаш изтиробомез медурахшиданду бас...
Едигей Бӯрони он соат аз кор фориғ буд. Қарор дод, ки ба дашт баромада, аз галаи уштурон хабар бигирад ва аз ҳама муҳимаш бубинад, ки вазъи Қаранор чӣ гуна аст. Оё ҷонвареро зада маъюб накарда бошад? Шӯру арбадаро бас карда бошад, ё не? Ҳамин қадараш ҳам кифоя будагист... Роҳ чандон дур набуд, Едигей лыжа савор шуда рафт ва сари вақт ба дуроҳа баргашт. Акнун мехост ба назди Қазонқоп рафта, арз кунад, ки кор бад нест. Уштурон дар пастхамии Думи Рӯбоҳ мечаранд, он ҷо барф тақрибан нест, чунки шамол рӯфта мебарад, хасу хошок бисёр, яъне ки ҳоҷат ба ташвиш кашидан нест.
Едигей хост, ки аввал ба хона даромада, лижаҳояшро бимонад. Духтарчаи калонмаш Саула бо чеҳраи ҳаросон дарро кушод ва:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё