Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
кадом қатор меояд. Охир, худат медонӣ, дар дуроҳаи мо қаторҳои мусофиркаш намеистанд. Фақат бо фармони диспетчери аз ҳама калонтарини роҳ меистанд. Ба фикри ман, дар рӯзҳои наздик бояд хабар диҳанд. Он гоҳ ману ту ва агар то он вақт сиҳат шавад, Даул ҳам ба пешвозаш мебароем.
— Мебароему мегӯем: отаяк, ана мо омадем!
— Албатта! Маҳз ана ҳамту мегӯем, — бо оҳанги эътимодбахш сухани бачаро тақвият медод Едигей.
Аммо бачаи зиракро ором кардан чандон осон набуд.
— Амаки Едигей, хо як вақт ҳама ба қатори боркаш савор шуда, ба пеши он диспетчери аз ҳама калон рафта будем. Биё, боз биравему бигӯем, ки қатори отаякам савор шударо дар ин ҷо нигоҳ дорад.
Илоҷе ёфта, ҷавоб гуфтан лозим буд.
— Э он вақт тобистон буд-ку, ҳаво гарм буд. Ҳозир ба қатори боркаш чӣ хел савор мешавӣ? Ҳаво хунук. Боли сахт мевазад. Ана нигоҳ кун, тирезаҳо ях бастаанд. Ба қатор савор шавем ҳам, то ба он ҷо нарасем, шӯша барин ях баста мемонем. Не, намешавад, ин кори хатарнок.
Писарак ғамгин ва хомӯш мемонд.
— Ту хоб кун, ман аз ҳоли Даул як хабар гирам, — баҳона меёфт Едигей ва ба сари бистари бемор омада, дасти пургиреҳу шахшӯлашро ба пешонии сӯзони бача мерасонид... Бача бо азобе чашмонашро нимроғ мекард, лабони аз таби баланд парсин бастааш саҳле ба табассум моил мешуданд. Табаш ҳанӯз нафаромада буд. — Болоят кушода нашавад, — мегуфт Едигей. — Баданат арақ кардааст, фаҳмидӣ, Даул? Набошад, боз шамол мехӯрӣ. Эрмек, агар акаат пешобаш биёяд, тосро ба пешаш биёр. Фаҳмидӣ? Аз ҷоғаҳаш нахезад. Ҳозир холаи Укубала омада, ба шумо хӯрок медиҳад. Сонӣ модаратон аз навбатдорӣ бармегардад. Даул саҳат шавад, ҳар дуятон ба хонаи мо меоед, бо Саула ва Шарофат бозӣ мекунед. Хайр, ман бояд ба корам биравам, барфи калон боридааст, қаторҳо роҳ гашта наметавонанд, — гӯён Едигей қабл аз рафтанаш бачаҳоро ба гап андармон мекард.
Вале Эрмекро фирефтан мушкил буд.
— Амаки Едигей, — мегуфт писарак ба ӯ, ки дар сари остона рост меистод. — Барф ҷудо калон бошаду катори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё