Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ин савол дар мағзи сараш мегашту ҷавоби саҳеҳ ёфта наметавонист.
Камбағалро аз болои уштур саг мегазад, гуфтаанд.
Писараки калонии Қутлибоевҳо сахт шамол кашида буд. Таби баланд бароварда, ҳазён гуфта мехобид, сулфа азобаш медод, гулӯяш ҳам дард мекард. Зарифа мегуфт, ки Даул ангина шудааст. Ҳар хел ҳабҳоро мехӯранд. Аммо Зарифа кор мекард, гоҳ шабона ва гоҳо рӯзона ба навбатдорӣ мебаромад, дар сари бистари кӯдаки бемор нишаста наметавонист. Уқубалару лозим омад, ки ин ташвишро низ ба зиммаи худ бигирад. Ҳамаи бачаҳоро парасторӣ мекард, мефаҳмид, ки ба сари оилаи Қутлибоев чӣ рӯзи сахте расидааст. Едигей ҳам то он ҷое ки аз дасташ меомад, кӯмак мерасонид. Саҳари бармаҳал аз анборак ба хонаашон ангишт меовард ва агар фурсат дошта бошад, печкаро алав мемонд. Ангиштро оташ додан ҳам ҳунар талабад. Едигей ба печка тақрибан якуним сатил ангиштро рехта, оташ мегиронид, то ки аз субҳ то шом хона гарм бошад ва бачаҳо хунук нахӯранд. Обро аз цистернаи канори дуроҳа низ худаш меовард. Аммо ҳамаи ин корҳо барои Едигей ташвиш оварад ҳам, мушкил набуд. Ба чашми писаракои Абутолиб нигоҳ карда, ба саволҳои онон ҷавоб гуфтан мушкил буд. Басе кори мушкил, азобовар ва тоқатфарсо буд. Калониаш бемор мехобид, сиҳат бошад ҳам табиатан писараки камғапи вазнин буд, лекин хурдиаш, Эрмек мисли модараш зираку меҳрубон ва бисёр ҳассос буду дили нозуке дошт ва бо вай муомила кардан осон набуд. Пагоҳон Едигей ангишт оварда, оташ меафрӯхту кӯшиш мекард, ки бачаҳо бедор нашаванд. Аммо номаълум баромада рафтан аксаран муяссар намешуд. Эрмеки чингиламӯй дархол бедор мешуд ва бобари чашм аз хоб кушодан савол медод:
— Амаки Едигей, отаякам имрӯз меояд?
Писарак тану пои бараҳна ба сӯи ӯ медавид. Дар чашмонаш умеди рафънопазире акс ёфта буд, ки амаки Едигей фақат «ҳа» бигӯяд кифоя аст ва он гоҳ падараш албатта меояд ва ҳамроҳи онон дар хона мемонад.
Едигей тани гарму логараки писарчаро ба оғӯш мекашид ва пас бурда, дар бистараш мехобонид. Бо ӯ ҳамчун бо шахси калонсол гуфтугӯ мекард:
— Отаякат имрӯз меояд ё не, ман намедонам, Эрмек, лекин аз истгоҳ бояд ба мо хабар диҳанд, ки бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё