Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
шудааст, ки Абӯтолиб Қутлибоев, ки таҳти бозҷӯй воқеъ гашта буд, дар фалон ҷою фалон вақт аз ҳамлаи дард мурдааст. Айнан ҳамин тавр навишта шудааст. Бо чашми худам хондам, сони ба сардор нигоҳ кардам, чунки чӣ кор карданамро намедонистам. «Ана ҳамин хел корҳо, — гуфт Чернов дастонашро ба ду тараф ёзонида. — Инро бигиру ба занаш бидеҳ». Ман гуфтам, ки не, намегирам. Қоидаи мо намебардорад, гуфтам, Шумхабарро ман намебарам. Дута кӯдак дорад, гуфтам, ман чӣ хел ҷуръат карда, ин хабарро ба онҳо мебарам? Мо, бӯрониҳо, гуфтам, аввал дар он ҷо худамон маслиҳат мекунему ба як қарор меоем. Ё касе аз мо махсус омада, ин коғазро мебарад, ин хел хабари гаронро ба як тарзи ба худаш муносиб мебаранд, охир инсоне аз олам гузаштааст, ҷумчуқ не... Ё худи занаш Зарифа Қутлибоева омада, аз дастатон мегирад. Ҳаминаш аниқтар. Ва худатон ба вай мефаҳмонед, нақл мекунед, ки ин воқеа кай ва чӣ хел шудааст. Сардор ба ман гуфт: «Майлат, ихтиёр ба ту. Лекин ман ба занаш чизи фаҳмонидани ва нақл кардание надорам. Ман аз тафсилоташ бехабарам. Ба ман фармудаанд, ки ин коғазро ба соҳибаш расонам, вассалом». Хайр, гуфтам ман, моро мебахшед, лекин ин коғаз ҳоло ҳозир дар дасти шумо бошад, даҳанакӣ ман хабар мерасонам ва мо дар ҷои худамон аввал маслиҳат мекунем. «Хайр, майлаш, гуфт, ту медонӣ». Аз пеши ӯ баромада, рост ба ин сӯ уштур рондам. Уштурро маҳмез мезадаму дилам хун мешуд: акнун чӣ бояд кард? Ку одами баҷуръат, ки ба онҳо ин хабарро расонад?..
Қазонқоп хомӯш шуд. Едигей сари худро ба зер афканда менишаст, гӯё кӯҳеро ба дӯшаш бор карда бошанд.
— Акнун чӣ мешавад? — савол дод Қазонқоп, вале касе ба ӯ чизе нагуфт.
— Дилам гувоҳӣ медод, — маҳзунона сар ҷунбонида гуфт Едигей. — Ба сӯзи фироқ аз бачаҳо тоб оварда натавонистааст. Ман аз ҳамин метарсидам. Ҷудой корашро кардааст. Ғам чизи андак нест. Мана бачаҳояш ҳам ғусса мехӯранд, бинӣ, раҳмат меояд. Каси дигар мешуду ҳукми ҳабсаш мебаромад, намедонам барои чӣ, аммо фарз кардем, ки ба ҳабс ҳукм мебароварданд, як сол, ду сол ё аз он зиёдтар мӯҳлаташро буд мекарду бармегашт. Охир вай дар асорати немисҳо, дар лагерҳои концентратсионӣ чӣ қадарҳо азоб кашидааст, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё