Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
тараф хонондан лозим, аз тарафи дигар, вай моҳҳо, солҳо аз чашм дур мегардад...
— Хайр, хуб, — сухани Едигейро бурид лочинчашм.
— Ба ин гап Қутлибоев чӣ гуфт?
— Вай ҳам дар байни мо буд. Гуфт, ки модар аз носозгорӣ бо як гӯшаи дилаш пай бурдааст. Чунки зарурати дар интернатҳо таълим додани бачаҳо на аз созгории зиндагонист. Интернат бачаро аз оила, аз падару модар ҷудо мекунад, ҷудо не, балки дур мекунад. Аммо ин масъала аз муаммоҳои мушкил аст, гуфт. Ҳам барои ӯ мушкил, ҳам барои дигарон. Аммо чӣ илоҷ, модом ки ҳанӯз имконияти дигар нест. Ман фикри ӯро фаҳмидам. Фарзандони мо низ ба воя мерасанд. Лекин аз ҳоло дил дар андеша, ки рафта-рафта оқибат чӣ мешавад. Албатта, хуб нест, ки...
— Сонӣ мегӯй, — сухани Едигейро бурид лочинчашм,
— Пас вай гуфт, ки интернати советӣ бад аст?
— «Советӣ» нагуфтааст. Ҳамту интернат гуфт. Интернати мо дар Қумбел аст. Онро ман «бад» гуфтам.
— Хайр, ин аҳамият надорад. Қумбел ҳам як қарияи Иттифоқи Советист.
— Барои чӣ аҳамият надоштааст! — боз ба ғазаб омад Едигей, чун дид, ки ӯро боз ба тори ҳила мепеҷонанд. — Чизи ногуфтаро ба касе часпонидан чӣ лозим! Ман ҳам ба вай ҳамфикр ҳастам. Дар ин дуроҳа нею дар ягон ҷои дигар мезистам, бачаҳоямро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ягон интернат намедодам. Ақидаи ман ана ҳамин. Хӯш, аз ин мебарояд, ки...
— Майлат. Ақидаат ҳамин бошад, ҳамин, — боз миёни сӯҳбатро бурид лочинчашм. Ва даме хомӯш монда, ба суханаш идома дод: — Хӯ-ӯш, акнун ба як хулоса меоем. Маълум шуд, ки Қутлибоев ба тарбияи дастҷамъона муқобил будааст. Оё ҳамин тавр нест?
— Ҳаргиз муқобил нест! — тоқат карда натавонист Едигей. — Ба як кас тӯҳмат кардан чӣ даркор? Худаш чӣ гап?
— Шуд, бас, — беэътипо гуфт лочинчашм, ки шарҳу эзоҳро барзиёд мешуморид. — Акнун ба ман бигӯ, ки ин чӣ дафтарест, мана номаш «Мурғи Доненбой» будааст? Қутлибоев мегӯяд, ки онро аз даҳони Қазонқоп ва қисман ту навишта гирифтааст. Оё рост аст?
— Рост! Рост! — чеҳраи Едигей андак боз шуд. — Ин ҷо, дар даштҳои Сари Озек ҳамин хел қисса ҳаст, яъне ки достон. Дар масофае аз ин ҷо қабристони найманҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё