Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
мо» навиштан лозим буд. Ленин ба ҳар ҳол дар ҷои якум меистад.
Аз ин гапи ногаҳонӣ дами лочинчашм ба дарун афтод. Сонӣ ӯ ба худ омада, муддати мадиде дуди дар шушҳояш ғуншударо ба фазон хона пуф мекард. Сипас аз ҷояш бархост. Эҳтимол, мехост, ки ба пасу пеш қадам занад, аммо дар он хоначаи танг барои ин кор имконияте набуд.
— Мо Сталин мегӯему Ленинро дар назар дорем,— гуфт ӯ калимаҳоро якта-якта ва гӯё талаффуз карда. Сипас ба мисли давандагони ба марра расида сабуксабук нафас кашида, бо оҳанги оштиҷӯёна илова намуд: — Хоб, фарз кардем, ки байни мову ту ҳамин гуфтугӯ нашудааст.
Вай ба ҷояш нишаст ва боз дар чеҳраи аз ифодаи эҳсос бенишонаш чашмони андаке малларанги лочинвор зираку равшанаш дурахшон гардиданд.
— Ба дасти мо маълумот расидааст, ки Қутлибоев ба таълими бачаҳо дар интернат зид будааст. Ба ин чӣ мегӯӣ? Ту дар он сӯҳбат ҳузур доштай...
— Ин хел маълумот аз куҷо расидааст? Кӣ додааст? — Ҳайрон шуд Едигей ва дарҳол аз дилаш гузашт: ин кори Абилов аст, решаи ҳамаи ин гапу калоча сардори дуроҳа аст. Ҳа, вай оварда расонидааст, чунки ин гуна сӯҳбат дар ҳузури вай шуда буд.
Лочинчашм аз саволи Едигей сахт ба ғазаб омад:
— Гӯш кун, ман ба ту як бор гуфтам: чӣ хел маълумот омадаасту аз куҷо омадааст — ин кори мо. Мо ба касе ҳисобот намедиҳем. Инро ба гӯшат ҳалқа карда мон. Ку, нақл кун Қутлибоев чиҳо гуфт?
— Чиҳо гуфта буд? Ба хотир овардан лозим. Ҳа, дар дуроҳаи мо кӯҳнатарин коргар Қазонқоп аст. Писари ана ҳамин Қазонқоп дар интернати истгоҳи Кумбел мехонад. Ин писарак саҳл-паҳл шӯрапуштӣ дорад, гоҳ-гоҳе дурӯғ мегӯяд. Хайр, бача-дя, маълум. Арафаи якуми сентябр буд, Собитҷон мебоист ба хондан мерафт. Падараш ба уштур савор карду бурд. Модараш бошад, яъне ки зани Қазонқоп — Букей оби дида рехта, шикоят мекард. Ин чӣ бало буд, мегуфт, бача ба интернат рафту бегона шуд. Ба хона, ба падару модар, мегуфт, пештара барин меҳр надорад, дилаш ягон зарра кашол не. Хайр, охир як зани ҷаласавод-дя апаи Букей. Албатта, ба вай ҳам осон не. Писарро аз як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё