Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хайр, мисол гирем, Ҷон, Кларк, Смит, Чек...
— Дар умрам нашунидаам.
Лочинчашм ба андеша рафт, чеҳрааш тира гардид. Вай аз мулоқоташ бо Едигей зоҳиран норозӣ буд. Баъди муддате бо оҳанги соддалавҳона пурсид:
— Мегӯянд, ки вай дар ин ҷо чӣ хел як мактабе кушода, бачаҳоро таълим медодааст?
— Э, мактаби чӣ? — беихтиёр хандид Едигей.— Худаш ду писарак дорад, ман ду духтарча. Буду шуди мактабаш ҳамин. Калониҳошон панҷсола, майдатарашон — сесола. Бачаҳо ягон шуғл надоранд, чор тараф — биёбон. Ҳаминҳо-катӣ машғул мешаванд, яъне ки тарбият мекунанд. Ба ҳар ҳол ҳам худаш, ҳам занаш пештар муаллимӣ мекардаанд. Китоб мехонанд, хӯш ки бошад, расм мекашанд, як чиз-ним чиз навиштанро, шумурданро машқ мекунанд. Ана ҳамин мактабашон.
— Чӣ хел сурудҳо мехонданд?
— Ҳар хел. Сурудҳои бачагона-дия. Ба ёдам намондааст.
— Чиҳоро машқ медод? Бачаҳо чӣ менавиштанд?
— Ҳарф менавиштанд. Калимаҳои муқаррарӣ.
— Масалан, кадом калимаҳо?
— Кадом калима? Дар хотирам нест.
— Мана он калимаҳо! — хитоб кард лочинчашм ва аз байни коғазҳо чанд варақ дафтари талабагиро баровард, ки ба рӯяш хати каҷу килеби кӯдакона кашида шуда буд.— Ана аввалин калимаҳошон! — Ба сафҳаи коғаз дасти кӯдаке «Хонаи мо» навишта буд.— Дидӣ, нахустин бор кӯдак қалам ба даст гирифта, чӣ навиштааст? «Хонаи мо». Хӯш, чаро «Ғалабаи мо» не? Аввалин калима дар забони ҳар як шахс бояд чӣ бошад? А? Ку, андак фикр кун, «Ғалабаи мо» — бояд нахустин сухан бошад! Ё гапам нодуруст? Хӯш, чаро ин сухан ба каллаи вай наомадааст? Ғалаба ва Сталин ҷудоинопазиранд!
Едигей гаранг шуда монд. Вай аз ҳамаи ин гуфтугузор худро чунон хору залил ҳис намуд ва ба ҳоли Абутолибу Зарифа, ки ба таълиму тарбияти кӯдакон ин қадар қувват ва фурсати худро сарф мекарданд, ба андозаи дилаш сӯхт ва, ниҳоят, дар вуҷуди худаш низ он қадар хашму ғазаб ба ҷӯш омад, ки ба лочинчашм беибо нигоҳ карда гуфт:
— Агар ин тавр бошад, пас дар навбати аввал «Ленини

пешина
аз 293
навбатӣ