Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Англия омаданд. Як полковнику ду майор. Мо аз пеши онҳо саф баста гузаштем. Онҳо моро табрик намуданд. Сонӣ дар хаймаи командирон барои онҳо зиёфат оростанд. Мо, чанд нафар партизанҳои хориҷаро, ки дар байни югославҳо будем, низ даъват намуданд. Вақте ки маро ба полковник шиносониданд, вай дастамро бо меҳрубонӣ фушурда, ба воситаи тарҷумон савол дод, ки аз куҷо мешавам ва чӣ тавр ба ин кишвар афтодаам. Мо мухтасар ҳикоят кардам. Барои ман ҳам шароб рехтанд ва ман ҳамроҳашон нушидам. Баъд дуру дароз сӯҳбат карда нишастем. Англисҳо одамони оддии кушодарӯ будаанд, ба ман маъқул шуданд. Полковник гуфт, бахти бузургамон мададгор шудаасту мо дар Аврупо ҳама бар зидди фашизм муттаҳид гардидем. Саҳехараш, тақдир дастгирамон шудааст, гуфт ӯ. Дар акси ҳол мубориза бо Гитлер боз мушкилтар мегардид ё, эҳтимол, барои халқҳои пароканда бо оқибати мусибатомез анҷом меёфт» ва ғайра ва ҳоказо.— Лочинчашм иқтибосро қатъ намуда, дафтарро ба каноре бигузошт. Боз якто казбекро оташ дода, дуди онро фурӯ бурд ва пуф карду суханашро давом кунонид:— Маълум мешавад, Қутлибоев ба полковники англис нагуфтааст, ки агар заковати Сталин намешуд, онҳо дар Аврупояшон чӣ қадар партизанӣ, ё дигар корҳо кунанд ҳам, ғалаба ба даст намеомад. Пас, Қутлибоев рафиқ Сталинро ҳатто дар ёд надоштааст! Фаҳмидӣ гап дар куҷо?

— Шояд ӯ дар ин хусус гуфта бошад,— Абӯтолибро ҳимоя кардани мешуд Едигей.— Гуфтаасту аммо баъд навиштанро фаромӯш кардааст.

— Хӯш, далел ку? Чӣ тавр исбот мекунӣ? Илова ба ин мо баёноти соли чилу панҷум пас аз баргаштан аз қисмҳои партизании Югославия ба комиссияи санҷиш додаи Қутлибоевро дида баромадем. Дар он ҳуҷҷат дар бораи намояндаҳои Англия як калима нест. Пас, дар ин ҷо як чатокӣ ҳаст. Кӣ зомин шуда метавонад, ки вай бо разведкаи англис алоқа надоштааст?

Боз дили Едигей сиёҳ шуд ва сахт фишор хӯрд. Вай сарфаҳм намерафт, ки лочинчашм чӣ ғаразе дорад ва гапро печонида, ба куҷо бурданист.

— Қутлибоев ба ту ягон чиз нагуфтааст? Ба ёдат биёр, номҳои англисиро аз ӯ нашунидай? Мо бояд бидонем, ки он намояндаҳои Англия маҳз киҳо буданд.

— Номҳои англисӣ чӣ хел мешаванд?

пешина
аз 293
навбатӣ