Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Лекин худро маҷбур намуд, ки оромона сухан кунад. — Мисол гирем, ту мегӯӣ, ки... — вай қасдан «ту» гуфт, то лочинчашм бидонад, ки Едигей хушомад нахоҳад зад ва тарсе ҳам надорад, зеро аз биёбони Сари Озек дуртар ва хилваттар ҷое нест, ки ӯро бифиристанд.— Ту, мисол гирем, мегӯӣ ки, — такрор намуд Едигей, — ёддоштҳояш душманона будаанд. Ин чӣ маъно дорад? Ба хаёли ман, одам чизеро ба ёд меоварад, ки як вақтҳо будаасту кайҳо гузашта рафтааст. Ин хел қоида нест, ки чизи нағз бошад, ба хотир биёру чизи ганда бошад, ба ёдат наор, яъне фаромӯш кун. Ба хаёлам, ин хел қоида набуду нест. Фарз кардем, одам хобе дид ва он хобро ба ёд овардан лозим шуд. Хӯш, рафту он хоб хоби ваҳшатнок бошад ва ба табъи касе нафорад?..

— Эҳ-ха! Ту хеле донишманд будай! Ҳм, ҷин занад! — ҳайрон шуд лочинчашм.— Муҳокимаю мунозираро дӯст медоштан... Аз афти кор, файласуфи ин ҷойҳо худат ҳастӣ. Майлаш, сӯҳбат мекунем. — Вай муддате хомӯш нишаста, ба андеша рафт, гӯё ҳарифашро қаблан меозмуд ва баъд гуфт: — Дар зиндагонӣ ҳар гуна воқеаҳо рӯй медиҳанд, аз ҷумла воқеоти таърихӣ. Лекин ин аҳамият надорад. Давраи гузаштаро хоҳ дар нақлҳои даҳонӣ, хоҳ алалхусус хаттӣ ба тарзе ёдоварию тасвир кардан лозим аст, ки ҳозир талаб карда мешавад ё ҳозир барои мо мувофиқ аст. Ва ҳар чизе ки барои мо фоида надорад, ба хотир оварданаш даркор нест. Агар ҳамин нуктаро риоя накунӣ, рафторат бадхоҳона мебарояд.

— Ман розӣ не, — гуфт Едигей.— Ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин не.

— Лекин ризоияти ту ҳам ба касе лозим нест. Ман дар омади гап гуфтам. Ту савол додӣ, ин ҳам як кори савоб гуфта, ҷавоб дода истодаам. Ман аслан набояд бо ту мунозира карда нишинам. Хайр, биё, аз гапи хушку холӣ ба кори амалӣ бигзарем. Бигӯ, Кутлибоев ягон вақт, фарз кардем, ҳангоми суҳбати маҳрамона, мисол гирем, баъди андак шароб нӯшидан ягон номи англисиро ба забон наоварда буд?

— Барои чӣ ин тавр мекардааст? — ба тааҷҷуб афтод Едигей.

— Ҳозир ба ту мефаҳмонам. — Лочинчашм аз он се «Дафтари партизан» якеро кушода, сатрҳоеро ки ба такаш бо қалами сурх хат кашида шуда буд, хонда дод: — «27 сентябр ба мавқеи қисмҳои мо намояндагони

пешина
аз 293
навбатӣ