Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

қаҳру ғазаб ба ҷӯш меомад. Ва дар вуҷудаш хоҳише пайдо шуд, ки мардаки лочинчашмро ба мисли як саги девона хафа карда бикушад. Ва медонист, ки ин кор аз дасташ меояд. Он фашисте ки бо дастони худ хафа карда кушта буд, чӣ хел гардани серрагу паи мустаҳкаме дошт! Едигейро илоҷи дигаре набуд. Вақте ки душманро аз мавқеаш зада пеш мекарданд, онҳо дар хандақе ба ҳам рӯ ба рӯ омаданд. Аскарони мо аз паҳлу ҳамла оварда, сангрҳои душманро граната ва тирборон карданд. Ҳатти мудофиаи ҳариф қариб тамоман забт шуд ва аскарон ҳамлаи худро давом додани буданд, ки дар ҳамин асно Едигей бо фашист рӯ ба рӯ омад. Вай, аз афти кор, пулеметчӣ буд ва мехост то охирин тир муқобилат кунад. Вайро асир гирифтан лозим буд. Ин фикр дар шуури Едигей лаҳзае пайдо шуд, аммо немис дарҳол ба сари ӯ корд кашид. Едигей бо каллан кулоҳҳӯдпушаш ба рӯи ӯ «шох» зад ва ҳар ду ба замини хандақ ғелиданд. Едигейро ба ҷуз хафа кардани гулӯи фашист, дигар илоҷе набуд. Душман хирросзанон метапид, ба халос шудан мекӯшид ва бо панҷаҳояш атрофи худро мепалмосид, то корди аз даст афкандаашро дарёвад. Едигей нигарон буд, ки ҳар сония мумкин аст, ба пайкараш теғи фашист фурӯ биравад, бинобар ин ҳикиртаки душмани даҳон гиз карда ва ранги рӯяш сиёҳ гардидаро наъразанон ва фардёдкашон бо саъю шиддати афзоянда мечафиду мефушурд. Ва фақат пас аз он ки дами ҳариф ба дарун афтоду бӯи тези пешобаш ба атроф паҳн шуд, панҷаҳои аз ихтилоҷ шахшудааш аз гулӯи вай бардошт. Ва худи ҳамон лаҳза дилаш беҳузур шуд, қай кард ва дар ҳолате ки пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифту худаш беихтиёр нолиш мекард, ба каноре хазид.

Едигей аз ин воқеа на он вақт ва на баъдтар ба касе ҳикоят накардааст. Гоҳо ин даҳшат ба хобаш медаромад ва рӯзи дигар ба андозае аз зиндагонӣ дилаш мемонд, ки намедонист сари худро ба куҷо бизанад...

Ҳоло низ он воқеаро ба ёд оварду танаш аз қароҳат ларзид. Едигей пай мебурд, ки лочинчашм ба воситаи дониш ва макру ҳилаҳояш дастболо шуданист ва аз ин нуқта сахт барошуфт. Лочинчашм ҳамчунон, бо нависонавис машғул буд ва Едигей ҷои сусти далелҳои ӯро меҷӯст.

— Ман як чизро нафаҳмидам, — гуфт Едигей ва ҳис намуд, ки аз шиддати изтироб ҳалқаш қок шудааст.

пешина
аз 293
навбатӣ