Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Фикру андешаи худ, сухани шахсии худ чӣ маъно доштааст? Назари хосаи худ, оё ҳамин тавр нест? Фикри шахсии худ, яъне ки... Ҳеҷ гуна сухани шахсӣ набояд бошад! Чизе ки ба рӯи коғаз омадааст, дигар фикри шахсӣ нест. Чизе ки ба қалам омадааст, ба теғ намеравад! Ҳар кас хоҳад андешаи худро навиштан мегирифтааст. Дилатон боз ягон чиз намеҷӯяд? Мана он «Дафтари партизан», дар зери сарлавҳа боз як унвон дорад; «Рӯзгоре дар кишвари Югославия». Ана, ана! — ӯ ба рӯи миз се дафтари сервараки муқовааш тунукеро ҳаво дод. — Бетартибҳо! Ту ошноятро тарафгирӣ мекунӣ, лекин мо сирру пиёзашро ошкор кардем!
— Чӣ будааст сирру пиёзаш?
Лочинчашм боз дар ҷои нишастааш як қад парид ва дар ҳолате ки мижа таҳ намекарду чашмони шишавор шаффофашро рост ба рухсори Едигей дӯхта буд, боз ба ҳамон нимхандаи ногаҳонӣ ва ҳисси тамасхуромези қаноатмандӣ гуфт:
— Чӣ будани сирру пиёзашро мо медонем, — мардак аз талаффузи ҳар як калима ва ба ҳамсӯҳбат чӣ гуна таъсир бахшидани он лаззат мебурд. — Ин тарафаш кори мо. Ба ҳар кас арз намекунем.
— Хайр, ихтиёр... — саргарангона гуфт Едигей.
— Барои ёддоштҳои душманонааш ҳоло ҷавоб хоҳад дод, — гуфт лочинчашм. Вай тез-тез чизе менавишту сухани худро идома медод: — Умед доштам, ки ту боақлтарӣ, одами худӣ ҳастӣ. Коргари пешқадам. Собиқ ҷанговар. Ба фош кардани сирри душман мадад мекунӣ.
Едигей абрӯ дар ҳам кашид ва бо овози на чандон баланд, вале равшану бурро гуфт:
— Пешакӣ гуфта монам, ба ягон хел коғаз имзо намекунам.
Лочинчашм ба ӯ ғазаболуд нигоҳ кард.
— Мо ба имзои ту мӯҳтоҷ нестем. Ба хаёлат, ту имзо накунӣ, кори мо чатоқ? Хато мекунӣ. Бе имзои ту ҳам ҳуҷҷати бисёре дорем, ки ӯро ба ҷавобгарии сахт кашем.
Едигей баногоҳ худро хору зор ва оҷизу нотавон дида, хомӯш монд. Ва дар айни замон ҳис мекард, ки ӯ бо он вазъи ки дар пеши назараш ба миён омадааст, ҳаргиз розӣ нест ва чунон ки дар паҳнои баҳри Арал туғён кардани мавҷҳоро медид, дар замири дилаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё