Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
накардӣ? Сонӣ ҳар кас фикри ба каллааш омадаро гуфтан мегирад! Ҳамин тавр не? Ин мафкураи беғопаро аз куҷо ёфтӣ? Не, азизам, мо ба ин роҳ намедиҳем. Ба ин хел ҳаракатҳои аксулинқилобӣ иҷозат нест!
Едигей хомӯш шуд. Вай аз гаронии он чизе ки ногаҳон ба сараш фурӯ рехтанд, афсурдаю ғамгин шуда буд. Ва сахт дар шигифт буд, ки дар атрофаш ҳеҷ чиз тағйир наёфт. Гӯё воқеае рух надода бошад. Ба тиреза нигоҳ карда дид, ки қатори Тошканд башаст гузашту рафт. Ва лаҳзае ба худ тасаввур намуд, ки мусофирон дар вагонҳо осуда нишаста, аз паи корубор ё эҳтиёҷоти худ равонанд; чой ё худ шароб менӯшанд, бо ҳамдигар чақ-чақ мекунанд ва касеро коре нест, ки ӯ дар айни замон дар дуроҳаи Бӯронӣ дар назди мардаки лочинчашме нишастааст, ки аз куҷое банохост ба сари ӯ пайдо шуда омадааст. Вай аз таҳти дил, аз қаъри дили фишурда ва озурдаи худ мехост аз хонаи навбатдорон зада барояду аз дунболи қатори дуршаванда бидавад ва ба он навъе карда савор шаваду ба ягон гӯшаи дунё биравад. Коре кунад, ки дар ин лаҳза дар ин ҷо, мана дар ин хона набошад.
— Хӯш? — ба суханаш давом мекард лочинчашм. — Мағзи масъала ба ту маълум шуд?
— Маълум шуд, — ҷавоб дод Едигей. — Фақат як чизро фаҳмидан мехостам. Вай, охир, хотираҳояро барои бачаҳои худаш навиштан мехост. Он чизе ки, мисол гирем, дар майдони ҷанг, баъди асир афтодан ва партизан шудан ба сараш омада буд. Дар ин кор чӣ ҷиҳати бад будааст?
— Ҳм, барои бачаҳо! — хитоб кард мардак. — Ба ин гап кӣ бовар мекунад? Қади бача аз замин нахеста, барои вай кӣ асар менависад? Ба ман афсона лозим не! Душмани зирак ана ҳамин тавр амал мекунад! Дар ҷои хилвате пинҳон шуда гирифтааст, дар атроф касе нест, чизе нест, касе ба вай кордор ҳам нест. Вай бошад, баҳузур нишаста ёддошт менависад!
— Рафту хоҳиши дилаш ҳамту бошад, — эътироз намуд Едигей. — Дилаш хостааст, ки сухани шахсии худашро, якта-нимта фикру андеҳаҳояро аз забони худ навишта монад. Ба умеде ки фарзандҳояш як вақт ба воя мерасанду мехонанд.
— Сухани шахсии худаш? Боз ин чӣ навигарие! — сари худро маломатомез ҷунбонида оҳ кашид Лочинчашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё