Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Едигей ба курсии бетакъяи пеши миз нишаст.
— Хӯш, байни мо набояд ягон шубҳае бошад, — гуфт лочинчашм ва аз қисаи сарисинагии кители ҳарбӣ-аш дафтаричаи қаҳварангеро бароварда, қабати онро кушоду дарҳол пӯшид ва номи худро зери лаб ба забон овард. Ё «Тансыкбоев» гуфт, ё «Тысыкбоев», ба ҳар ҳол Едигей фамилияи ӯро яқин нафаҳмид.
— Фаҳмидӣ? — пурсид лочинчашм.
— Фаҳмидам, — ночор ҷавоб дод Едигей.
— Хӯш, ин тавр бошад, сар мекунем. Мегӯянд, ки ту беҳтарин ошнои Қутлибоев будай.
— Эҳтимол ҳамин тавр бошад, чӣ шудааст?
— Эҳтимол, ҳамин тавр бошад... — такрор намуд лочинчашм ва як қуллоб дуди казбекро фурӯ бурд, гӯё мехост, ки ба маънои ин гап дурусттар сарфаҳм биравад.— Эҳтимол, ҳамин тавр бошад... Хӯш, фараз кардем. Фаҳмо, фаҳмо.— Ва ба нохост бо ришханди ноғаҳоние дар лаб, бо қаноатмандӣ ва хушҳолие ки дар чашмони шимасон шаффофаш акс ёфтанд, савол дод:— Хӯш, дӯсти азизи ман, бо нависонавис машғулем?
— Кадом нависонавис? — ҳиҷолатомез пурсид Едигей.
— Ман ҳам ҳаминро донистан мехоҳам.
— Ман нафаҳмидам, ки чиро дар назар доред.
— Наход? А? Ку, як фикр карда бин.
— Нафаҳмидам, ки чиро мегӯед.
— Қутлибоев чиҳо менависад?
— Намедонам.
— Чӣ хел намедонистай? Ҳама медонанду фақат ту намедонӣ?
— Медонам, ки чизе менависад. Аммо аз куҷо донам, ки чӣ менависад? Кори ман чӣ? Касе навиштан хоҳад, навиштан мегирад. Ба кӣ дахл дорад ин?
— Яъне чӣ хел «ба кӣ дахл дорад?» — лочинчашм аз ғояти тааҷҷуб дар ҷои нишастааш як қад парид ва нигоҳи барқвор тезашро ба рӯи Едигей дӯхт.— Пас маълум мешавад, ҳар кас чизе хоҳад, навиштан мегирад? Инро ба ту ӯ маънидод кард?
— Вай ба ман чизе маънидод накардааст.
Вале лочинчашм ба ҷавоби ӯ эҳтиное накард. Вай ҳамчунон мешӯрид:
— Ана! Ташвиқоти душман мана ин хел мешавад! Ту ягон маротиба андеша кардӣ, ки ҳар касу нокас нависонавис кардан гирад, оқибат чӣ мешавад? А? Мулоҳиза

пешина
аз 293
навбатӣ