Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
боз зинҳор кард, ки соати ду дар хона бошӣ. Аз ту ҳам чизе мепурсидаанд. Дар хусуси Абутолиб.
— Чӣ мепурсанд?
— Ман аз куҷо донам? Абилов тарсону ларзон омаду ана ҳамин гапҳоя таъин кард. Ман ба пеши ту давидам.
Едигей бидуни ин ҳам соати ду барои наҳории ба хонааш мерафт. Вай дар роҳ ва дар хона сарфаҳм рафтание мешуд, ки чӣ воқеае рух дода бошад? Ва худ ба худ ҷавобе ёфта наметавонист. Оё боз барои гузаштааш, барои асир афтоданаш бозпурсӣ мекарда бошанд? Охир ӯ кайҳо аз санҷиш гузашта буд-ку. Боз чӣ лозим? Дилаш танг шуд, сип-сиёҳ шуд. Аз шӯрбо ду қошуқ ошомиду косаро ба каноре гузошт. Ба соат нигарист. Панҷта кам ду шудааст. Модом ки ба соати ду таъин кардаанд, дар вақташ ҳозир шудан лозим. Едигей аз хона баромад. Дар назди хонаи навбатдорон Абилов пасу пеш қадам зада мегашт. Бечораҳол буд, афсурдаю пажмурда менамуд.
— Чӣ гап?
— Мусибат, Едике, мусибат, — бо ҳарос ба сӯи дар нигоҳе афканда гуфт Абилов. Лабонаш пир-пир мепариданд. — Қутлибоевро ҳабс карданд.
— Барои чӣ?
— Аз хонааш ҳар гуна қоғазҳои манъшуда ёфтанд. Охир ҳар шаб нишаста, чизе менавишт-ку! Ин ба ҳама маълум-ку! Ана оқибати нависонавис.
— Вай барои бачаҳои худаш менавишт.
— Намедонам. Намедонам барои кӣ менавишт. Ман ҳеҷ чиз намедонам. Бирав, туро мунтазиранд.
Дар хонаки сардори дуроҳа, ки кабинеташ меномиданд, ӯро марди тақрибан ҳамсиннаш ё андаке аз ӯ ҷавонтар, тахмин сисолае нигарон буд. Марди чорпаҳлӯи каллакалон буда, мӯйсарашро кӯтоҳ қайчӣ зада буданд. Вай чизе менавишт ва аз шиддати фикр бинии калонашро арақ пахш мекард. Ба пешонии фароҳаш чин андохта, арақи рӯи биниашро пок намуд. Сонитар, дар ҳамаи муддати сӯҳбаташон низ бинии арақинашро дам ба дам пок мекард. Аз қуттияки рӯи миз хобидан «Казбек» якта папироси думдароз бароварда, миёни ангуштонаш давр занонид, баъд онро оташ дода, чашмони лочинвор зираки маллагунашро ба Едигей дӯхт, ки дар ин асно дар дами дар меистод.
— Бишин, — мухтасар фармуд мардак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё