Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

5 январи соли 1953 соати дахи пагоҳӣ дар дуроҳаи Бӯрони қатори мусофиркаше қарор гирифт ва ҳол он ки роҳаш кушода буд ва чун ҳамеша метавонист фурсатро аз даст надода, гузашта биравад. Қатор ҳамагӣ якуним дақиқа истод. Ва ин муддат, зоҳиран, кифоя мекард. Се нафар, ки ҳама мӯзаҳои сиёҳи хроми дӯхташон яххела дар по доштанд, аз зинаи яке аз вагонҳо фаромада, рост ба хонаи навбатдорон равона шуданд.
Хомӯш, бо тамкин, ба ягон тараф назаре наафканда, мерафтанд, фақат сонияе дар пеши одами барфин таваккуф карданд. Ба тахтапорае ки калимаҳои ба рӯяш навишташуда онҳоро табрик мегуфт, инчунин ба телпаккӯҳнаи пашмаш рехтаи Қазонқоп, ки ба сари одами барфин пӯшонида буданд, як назар партофтанд. Ва ба хонаи навбатдорон даромаданд.

Пас аз фурсате аз дари хона сардори дуроҳа Абилов зада баромад. Чунон башаст баромад, ки қариб рафта ба одами барфин бархӯрда буд. Дашноме доду ҳамчунон бошитоб ба роҳаш рафт. Вай қариб тозон роҳ мерафт, ки ин гуна рафтори ӯро пештар касе надида буд. Пас аз даҳ дақиқа хашхашкунон баргашт. Абутолиб Қутлибоевро аз сари қораш ёфта, ҳамроҳи худ меовард. Абутолиб телпакашро дар даст нигоҳ медошт, ранги рӯяш кандагӣ буд. Ҳамроҳи Абилов ба хонаи навбатдорон ворид шуд. Вале дере нагузашта ҳамроҳи ду нафар мӯзаи хромпӯшон аз он ҷо баромад ва ҳар се ба тарафи хонаи Қутлибоев равона шуданд. Баъди чанд дақиқа мӯзаи хромпӯшон Абутолибро пешандоз карда баргаштанд. Дар дасташон як қабза қоғаз буд, ки аз хонаи Абутолиб гирифтаанд.

Сонияе ҳама ҷо сокит гардид. Ба хонаи навбатдорон дигар касе намедаромад ва аз он ҷо низ касе намебаромад.

Ба Едигей дар бораи ин воқеа Уқубала хабар овард. Вай ба километри чаҳоруми роҳ, ки он рӯз таъмир идома дошт, бо супориши Абилов тозон омад. Едигейро ба гӯшае баровард ва гуфт:
— Абутолибро истинток мекунанд.
— Кӣ?
— Намедонам. Чанд кас омада буд. Абилов таъкид кард, ки агар туро такпурсӣ накунанд, нагӯй, ки Соли навро ҳамроҳи Абутолиб ва Зарифа гузаронида будем.
— Хайр, ин чӣ бадӣ доштааст?
— Намедонам. Вай ҳамту гуфта таъин кард. Ва

пешина
аз 293
навбатӣ