Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
воқеъ гаштааст, як замонҳо қабристони найманҳо будааст, ҳоло умумӣ шудааст, номаш Она-Байт. Он ҷо Найман-Онаро дафн кардаанд, ки писараш, манқурт куштааст...
— Хайр, кифоя, дафтарро мехонем, мебинем, ки ин чӣ гуна мурғе будааст, дар таки коса чӣ нимкосае будааст, — гуфт лочинчашм ва дафтарро варақ задан гирифт. Варақ мезаду бо садои шунаво мулоҳизаҳои худро изҳор медошт: — Мурғи Доненбой, ҳм, як ном ёфтаанд, ки... Қонл ман, номи одамро ба пои мург бастаанд. Оббо, нависанда шаву бирав-е. Мухтор Ауэзови нав баромадааст гӯё. Ҳм, вассофи замонҳои феодалӣ, Мурғи Доненбой, тавба! Ба хаёлаш, мо сарфаҳм намеравем... Дар як гӯшаяк нишаста, иму чим нависонавис мекардааст. Барои кӯдаконаш менавиштааст, яъне масалан. Хӯш, инаш чӣ? Ин ҳам барои бачаҳо навишта шудааст? — лочинчашм боз як дафтари ғафси муқоватунукро ба манаҳи Едигей наздик овард.
— Чист ин? — нафаҳмид Едигей.
— Чӣ? Инро бояд ту донӣ. Мана унвонаш: «Сухани Раҳималӣ ого бо додараш Абдулхон».
— Ҳа, воқеан, ин ҳам достон, — гуфт Едигей. — Қиссаи воқеӣ. Куҳансолон онро хуб медонанд...
— Хотирҷамъ бош, ман ҳам медонам, — сухани ӯро қатъ намуд лочинчашм.— Ба гӯшам як ҳаво расида буд. Марди пири аз ақл бегонашуда ба духтари нуздаҳ сола ошиқ шудааст. Куҷои ин нағз будааст? Маълум мешавад, ин Кутлибоев на фақат як зоти бадхоҳ, балки шахси фосиқ ҳам будааст. Ина бинед, чӣ қадар зӯр зада, ҳамаи ин фасодро батафсил навишта гирифтааст!
Едигей суп-сурх шуд. На аз хиҷолат, балки аз ғазаб хун ба сараш зад, зеро ноадолатии аз ин бештареро ба Абӯтолиб раво дидан аз доираи имкон берун буд. Ва Едигей базӯр худро ба даст гирифта, гуфт:
— Ҳой, эҳтимол, ту дар ягон ҷо сардори калон ҳам бошӣ. Лекин дар ин хусус ту ба вай нарас. Ҳар кас ба мисли вай падар ва шавҳар шуда метавонист, ба худо шукрона мегуфт. Чӣ гуна инсон будани ӯро дар ин ҷо ба ту ҳар кас гуфта метавонад. Мо ҳамагӣ чанд танем ва ҳамдигарро нағз медонем.
— Хайр, майлаш, ором шав, — ҷавоб дод лочинчашм.— Каллай ҳамаатон ғиҷ кардааст. Душман ҳамеша ниқоб мепӯшад. Лекин мо ниқобашро кушода мепартоем. Гап тамом, ба ту рухсат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё