Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
партизанӣ кардааст.. Барои бачаҳои худаш менависад.
— Шунидам. Ман аз Абилов пурсида будам. Маълум мешавад, вай асир ҳам афтода будааст. Чанд сол муаллимӣ ҳам мекардааст. Акнун қарор додааст, ки қалам ба даст қувваозмоӣ кунад, — қикирросзанон хандид ӯ. — Лекин ин кор на он қадар осон аст, ки ба назар менамояд. Ман ҳам ният дорам, ягон чизи калонтар нависам. Оид ба фронт, ақибгоҳ, меҳнат. Лекин мо мардум аз фурсат камбағалем. Доимо дар сафар...
— Вай ҳам фақат шабонгоҳон менависад. Рӯзона кор мекунад, — илова намуд Едигей.
Онҳо боз муддате хомӯш монданд. Ва боз Едигей ба хайрбод гуфтан фурсат наёфт.
— Ҳай-ҳай-ҳай, расо менавиштааст-дия, лоақал сар боло намекунад-е, — нимхандаашро такрор намуда, дандонҳояшро нишон дод муфаттиш дар ҳолате ки тарҳи Абутолибро дар паси тиреза муоина мекард.
— Хайр, охир, ба ягон кор машғул шудан даркордия, — ба сухани ӯ ҷавоб дод Едигей. — Дар атроф на касе хасту на чизе. Хату савод бошад, нахонда, нанавишта чӣ кор мекунад?
— Ҳа, ҳа, ин ҳам фикри дуруст. Дар атроф на касе хасту на чизе, — гуфт муфаттиш чашмонашро нимкоф карда ва дар айни замон дар чӣ хусусе андеша ронда.
— Дар атроф на касе хасту на чизе ва ҳар коре ки хоҳӣ, кардан мегирӣ... Ҳар коре ки хоҳӣ...
Онҳо хайрухуш карданд. Пас аз ин дар бадали чанд рӯз ба сари Едигей хаёле меомад, ки ба Абутолиб дар хусуси он сӯҳбати тасодуфӣ бо муфаттиш нақл кардан лозим, вале фурсати муносиб даст намедод, сонитар ин ният аз ёдаш фаромӯш шуду рафт.
Зимистон омаду кор зиёд шуд. Ва аз ҳама муҳимаш ин ки Қаранор ба ҷунбиш омад ва давраи ташвиш оғоз ёфт. Боз чӣ гуна ташвиш! Ин хел оворагию ошуфтагиро ягон уштурдори дигар надидааст. Қаранор ду сол пеш атанча 1 шуда буд. Аммо дар бадали он ду сол шавқу шаҳваташ ҳанӯз чандон зоҳир нашуда буд, ҳанӯз вайро ба роҳ андохтан, бо дӯғу даранг чашмашро тарсонида, кор фармудан мумкин буд. Хусусан ки наруштури галаи бӯрониён, яъне уштури солхӯрдаи Қазонқоп вайро сар бардоштанӣ намемонд. Мезад, мегазид, коре карда аз назди модауштурон дуртар ме-
1 Атанча — атани ҷавон, наруштури ҷавон (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё