Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ронд. Лекин, охир, дашт ҷои васеъ аст. Аз як гӯша зада пеш кунад, Қаранор аз канори дигар давида меомад. Атани куҳансол рӯзҳои дароз аз дунболаш сур карда мегашт-мегашту оқибат шалпар мешуд. Ва он гоҳ Қаранори ҷавону оташинхӯ навъе карда, ба муроди худ мерасид.
Дар мавсими нав, баробари фаро расидани сармои зимистон, ки дар хуни уштурон нидоҳои азалии табиат аз нав баланд мешаванд, Қаранор дар галаи бӯрониён фармонфармо гардид. Соҳиби қувват, соҳиби қудрат ва тавоноии камаршикане шуд. Атани пири Қазонқопро дар дашти хилват пеш андохта, ба таки чаре бурду чунон зад, ончунон кӯбиду хоид, ки вай қариб мурда буд. Касе набуд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Табиат дар риояи қонунҳои тағйирнопазираш устувор буд, навбати наслгузорӣ акнун ба Қаранор расида буд.
Афсӯс ки ба ҳамин сабаб дар миёни Қазонқопу Едигей гап гурехт. Қазонқоп атани шаттаҳӯрдаи худро дар зери чар дар он ҳоли табох дида, тоқат карда натавонист ва аз дашт ғамгину парешон омаду ба Едигей дарафтод:
— Инсоф дорӣ ё не? Онҳо ҳайвон бошанд, мову ту инсон-ку! Қаранорат қотил шудаасту ту онро ба дашти кушод сар додай!
— Ман сар надодаам, Қазаке. Худаш гурехтааст. Хайр, бигӯ, чӣ кор кунам? Ба занҷир бандам? Занҷир ҳам тоб наовард. Худат медонӣ, одамони қадима бе чиз нагуфтаанд: «Куш атасын танымайды» 1. Акнун навбати вай расидааст.
— Ту бошӣ, аз шодӣ дар куртаат намеғунҷӣ. Ҳоло сабр кун, ба сарат чунон рӯзҳое расад, ки... Ту ба вай раҳм карда, аз биниаш маҳор нагузаронидӣ. Ҳоло аз дунболаш давида, хун-хун гирья мекунӣ. Ин хел ҳайвон бо якта гала қонеъ намешавад. Ба чаҳор тарафи Сари Озек давида, занозаниҳо мекунад. Ана баъд нигоҳ дошта наметавонӣ. Ана соние гуфтаҳои ман ба ёдат мерасанд...
Едигей бо Қазонқоп дигар баҳс накард. Ӯро бисёр ҳурмат мекард. Хусусан ки ҳақ ба ҷониби ӯ буд.
— Тайлокчаи майдаяке буд, ки худат тӯҳфа карда будӣ,— гуфт Едигей сулҳҷӯёна.— Акнун маро сарзаниш мекунӣ. Хайр, ягон илоҷ ёфта, ором мекунам.
1 Зӯр падарашро намешиносад (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё