Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шаб ба хайр. Чӣ, тамокукашӣ баромадед? Хаста шудагистед аз кор? — изҳори ҳамдардӣ кард Едигей.

— Ҳа, албатта, — ҷавоб дод ӯ бо нимтабассуме. — Кор осон не, — гуфт ва боз нимтабассумашро намоиш дод.

— Ҳа, маълум, албатта, — боз гуфт Едигей ба хотири одоб.

— Фардо саҳар меравам, — хабар дод муфаттиш. — Ҳабдаҳум омада, як дам қарор мегирад. Ман меравам.

— Ӯ боз нимҳандае кард. Овозаш хаста, ҳатто як андоза ранҷурона буд. Чашмонаш нимкоф бошанд ҳам, ба рӯи кас синчакорона дӯхта мешуданд. Едигей Чонгелдин шумо будагистед-дия? — пурсид муфаттиш.

— Ҳа, ман.

— Тахминам дуруст баромад. — Муфаттиш дуди тамокуро бо қатъияте аз роғи дандонҳояш пуф кард. — Собиқ ҷанговори фронт. Дар дуроҳа аз соли ҳазору нӯҳсаду чилу чаҳорум кор мекунед. Коргарон Бӯрони меномидаанд шуморо.

— Ҳа, дуруст, — соддадилона тасдиқ намуд Едигей. Ба ӯ хуш омада буд, ки ин шахс ӯро ба ин дараҷа хуб мешинохтааст ва дар айни замон ҳайрон ҳам мешуд, ки ҳамаи ин маълумотро муфаттиш чӣ тавр ба барои чӣ ғундошта, дар хотир нигоҳ дошта бошад.

— Ҳофизаи ман бисёр хуб аст, — бо нимтабассум суханашро идома дод муфаттиш. Вай зоҳиран аз андешаи Едигей пай бурда буд. — Ман ҳам ба мисли Қутлибоеви шумо асар менависам, — гуфт ӯ ва сар афшонида, роғаи дудро ба сӯи тирезаи равшане пуф кард, ки он ҷо сари чун ҳамеша ба рӯи дафтарҳо ҳами Абутолиб намоён буд. — Се рӯз инҷониб диққат мекунам, фақат менависаду менависад. Ин барои ман фаҳмо, чунки худ ҳам ҳамнасанда. Лекин ман шеър менависам. Дар рӯзномаи сертиражи депо қариб ҳар моҳ чоп мекунанд. Мо дар он ҷо маҳфили адабӣ дорем. Худам роҳбарӣ мекунам. Шеърҳои маро дар рӯзномаи вилоят ҳам чоп кардаанд, як маротиба рӯзи 8 март, имсол бошад, Якуми май.

Онҳо муддате хомӯш монданд. Едигей мехост хайрухуш карда, ба роҳаш биравад, аммо муфаттиш боз ба гап даромад:

— Вай дар бораи Югославия менависад?

— Ростӣ гап, яқин намедонам, — ҷавоб дод Едигей. — Ба хаёлам, дар бораи Югославия. Вай охир он ҷо

пешина
аз 293
навбатӣ