Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба ман нигар, Едигей,— боз ба гап даромад Абӯтолиб. Аз қиёфааш аён буд, ки чизеро кайҳо инҷониб пурсидан мехостаасту фақат акнун мавриди изҳор карданаш расидааст. — Дар хусуси мурғи Доненбой пурсидан мехостам. Аз афти кор, Доненбой ном мурғ дар табиат вуҷуд дорад, а? Чӣ гуфтӣ? Ту онро ягон бор надидаӣ?
— О, ин қисса-ку!
— Медонам. Аммо аксаран он чиро ки дар қиссаву достонҳо ҳаст, воқеият, яъне зиндагонӣ тасдиқ мекунад. Масалан, дар Ҳафтрӯди мо паррандае ҳаст, номаш зардак, ё заргилдок ҳам мегӯянд. Рӯзи дароз дар боғоти кӯҳистон суруд мехонаду хитоб мекунад: «Духтари суфӣ, биё!». Хайр, фарз кардем, ин бозии садоҳо, ҳамоҳангии созу сухан аст. Ва афсонае низ ҳаст, ки чаро ин тавр гуфтани он мурғро шарҳ медиҳад. Шояд дар даштҳо мурге зиндагӣ мекунад ва аз хонишаш исми Доненбой шунида мешавад ва барои ҳамин ҳам ин мурғ ба достон даромадааст, а?
— Не, намедонам. Ба хаёлам, ин тавр не,— изҳори шубҳа кард Едигей.— Чӣ қадар солҳо боз дар ин ҷойҳо мегардам, ҳама гӯшаҳояшро дидаам, лекин ба ин хел мурғ вонахӯрдаам. Худаш аслан набудагист.
— Эҳтимол,— хаёломез гуфт Абӯтолиб.
— Хӯш, агар ин мурғ набошад, ҳамаи ин гапҳо дурӯганд? — ба ташвиш афтод Едигей.
— Не, ҳаргиз. Мазори Она-Байт ҳаст-ку. Як замоне дар ин ҷо воқеае шуда будааст. Намедонам аз чӣ сабабе, бовар дорам, ки ин гуна парранда вуҷуд дорад. Ягон кас рӯзе аз рӯзҳо онро хоҳад дид. Барои бачаҳо ман ана ҳамин тавр менависам.
— Барои бачаҳо бошад, мумкин... — бо оҳанги шахси дудила гуфт Едигей.

Едигей Бӯронӣ дар ёд дорад, ки достони Сари Озекро оид ба Найман-Она танҳо ду кас ба рӯи коғаз оварданд. Аввал онро Абӯтолиб Қутлибоев барои писаронаш навишта гирифт, ки калон шаванд, мехонанд. Ин дар охири соли панҷоҳу дуввум буд. Дастнависи Абӯтолиб гум шуд. Баъди он рӯзҳои сахте ба сараш омаданд ва дастнависи гумшуда ба ёди касе намерасид. Пас аз чанд соли дигар, тахмин соли панҷоҳу ҳафт, қиссаро Афанасий Иванович Елизаров навишта гирифт. Акнун

пешина
аз 293
навбатӣ