Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Елизаров ҳам аз олам гузаштааст. Худо медонад, дастнависаш чӣ шуда бошад, эҳтимол, дар Алма-ато дар миёни коғазҳо хобидагист... Ҳар дуяшон ҳам қиссаро аз даҳони Қазонқоп навишта гирифта буданд. Едигей ҳам ҳузур дошт, гоҳ-гоҳе ба Қазонқоп чизеро хотиррасон мекард ва баъзе ҷойҳоҳон достонро шарҳ медод.
«Умри одамизода бинед-а. Об барин мегузаштасту мерафтааст. Гӯё ки дирӯз шуда буд ҳамаи ин воқеаҳо. Э худоҷон-е!» — ба мароми гашти Қаранор миёни кӯшкуҳони ҷулпӯши вай ҷунбида-ҷунбида аз дил мегузаро-нид Едигей Бӯронӣ. Акнун ӯ худи Қазонқопро ба мазори Она-Байт мебурд. Гӯё як силсилаи умр ба итмом расид. Гӯяндаи достон акнун худ аз қабристоне манзил мегирифт, ки қиссаи онро дар хотираш ҳифз мекард ва ба дигарон нақл менамуд.
«Акнун фақат ду тан мондем: ман ва Она-Байт. Ба қарибӣ худам ҳам бояд ба ин ҷо биоям. Ба манзилам соҳиб шавам. Ҳа, мӯҳлат наздик шуда истодааст» — худ ба худ маҳзунона гуфт Едигей. Вай ҳамчунон пешопеши силсилаи ғайроиби ҷанозабарон савори уштураш роҳ мепаймуд. Аз дунболи ӯ трактори аробачадор ва экскаватори «Беларусь» меомаданд. Саги сурхмӯй Чӯлбарс, ки худсарона ба онҳо ҳамроҳ шуда буд, ба ҳар тарзе ки хоҳад, ба ҳамон тариқа роҳ мерафт: гоҳ пеш мегузашту гаҳе аз ақиб меомад, даме аз паҳлу ме-тохту баъзан муддате аз назарҳо гум мегашт... Думашро бо эҳтимол сих карда, бо қиёфаи коршиносонае ба атроф нигоҳҳо меафканд...
Офтоб ба қиём расида, рӯз пешин шуда буд. Қабристони Она-Байт акнун чандон дур набуд...
VIII
Ба ҳар ҳол охири соли панҷоҳу дуввум, саҳеҳтараш тирамоҳ ва зимистоне ки андак дер карда омад, вале бе боду бӯронҳо омад, борон як даста сокинони ҳамонвақтан дуроҳани Бӯронӣ айёми хуше буд. Едигей баъдтар он рӯзҳоро бо мамнуният ёд мекард.
Қазонқоп, саркори бӯрониён, оқсаколи хушодобе ки ба кору бори дигарон худда-беҳуда даҳолат намекард, он рӯзҳо сиҳат-саломат буд. Собитҷони ӯ дар интернати Қумбел мехонд. Оилаи Қутлибоевҳо то он вақт муқиму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё