Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
будаанд. Мо ҳоло дар бораи онҳо аз рӯи ана ҳамин осори рӯҳашон хулоса мебарорем. Ман ҳам барои писаронам кори аз дастам омадаро мекунам. Солҳои ҷангии ман достонҳои монанд. Дафтарҳои партизаниамро маҳз барои онон менависам. Ҳар он чизе ки дидам, аз сар гузаронидаам. Калон шаванд, лозим мешавад. Аммо ғайр аз ин ҳам баъзе андешаҳои дигар дорам. Бачаҳо дар биёбони Сари Озек ба воя хоҳанд расид. Вақте ба камол расиданд, мабодо гумон кунанд, ки дар ҷои хобҳолии зиндагӣ ба сар бурдаанд. Ман сурудҳои бостонии худамонро навишта гирифтам, вагарна сонитар онҳоро кофта ҳам намеёбӣ. Суруд, ба хаёли ман, ин пайгомест аз замони гузашта. Уқубалаи ту сурудҳои бисёреро медонистааст. Ваъда дод, ки боз ба хотир хоҳад овард.
— Набошад чӣ! Вай аз қабилаи соҳили Арал-кӯл — дарҳол ва бо ифтихоре гуфт Едигей.— Умри қазокони Арал дар баҳр мегузарад. Чӣ хуш аст дар паҳнои баҳр сароидан! Баҳр ҳама чизро хуб мефаҳмад ва дар он ҷо ҳар чиз нагӯӣ, самимиву созгор мебарояд.
— Дуруст мегӯӣ. Ба наздикӣ сурудҳои навиштагирифтаамро такрор хондам, ману Зарифа қариб гирья карда будем. Хушрӯ месароиданд дар замони пеш! Ҳар як сурудашон — як қисса. Одамон пеши назарат ба ҷилва меоянд. Ва мехоҳӣ, ки бо онон дӯстона зиндагӣ кунӣ. Ҳам ишқу муҳаббат, ҳам ранҷу азобат мисли онҳо бошад. Дидӣ, чӣ гуна осоре гузоштаанд аҷдодони мо! Ман Букеи Қазонқопро низ розӣ кунонидам. Сурудҳои қароқалпоқиатро ба ёд овар, гуфтам, ба дафтари алоҳида навишта мегирам. Баъд мо дафтари қарақалпоқӣ ҳам хоҳем дошт...
Ҳамин тавр онҳо сӯҳбаткунон аз паҳлуи роҳи оҳан мерафтанд. Соати аҷоибе буд он дам. Анҷоми роҳатбахши рӯзи охири тобистон чун оҳи тӯлонӣ оҳиста ва сабук ба интиҳо мерасид. Аз ҷангалу дарё, аз замини сабзапӯш дар биёбони Сари Озек нишона набушад ҳам, офтоби ба уфуқ сар ниҳода дар чеҳраи фарохи замин фавҷи нур ва сояҳоро ба тарзи аҷибу ноаёне ба бозӣ андохта, бинандаро таассуроте мебахшид, ки ин дашт аз ҳусну тароват саршор аст. Ранги нилии андаке норавшан ва ҳар лаҳза дигаргуншавандаи масоҳати азиму дилфириб андешаҳоро наҷобат меофарид, дар дилҳо орзуе мепарварид, ки кас умри дарозе бубинаду бисёр-бисёр фикр кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё