Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ки гумном шавам, ғайб занам, вале ман барои писарҳоям ҳамаашро, ҳамаи фикру андешаҳоямро навишта мемонам, ва умед дорам, ки рафта-рафта ягон вақт дар ин навиштаҳо ва дар шахси фарзандонам боз арзи вуҷуд хоҳам кард. Он чизе ки ба ман муяссар нашуд, шояд ба онҳо даст бидиҳад... Зиндагонии онҳо назар ба мо мушкилтар хоҳад шуд... Бигузор, ки аз айёми ҷавонӣ ақлу фаросат ғундоранд...

Муддате хомӯш роҳ мерафтанд. Ҳар кадоме банди хаёлоти худ буд. Ба гӯши Едигей ин гуна суханон аҷиб мерасиданд. Пас, мегуфт ӯ дар дилаш бо ҳайрат, одамизод метавонистааст моҳияти зиндагиашро дар рӯи замин ин тавр ҳам шарҳ диҳад. Бо вуҷуди ин вай қарор дод, ки чизи нафаҳмидаашро бипурсад:

— Ҳама мегӯянд, ана аз радио ҳам шунидаам, ки зиндагонии бачаҳои мо назар ба мо беҳтар, сабуктар мешавад. Лекин ту мегӯӣ, ки ҳаёти онон мушкилтар хоҳад шуд. Ҷанги атомӣ мешавад? Барои ҳамин ин тавр мегӯӣ?

— Не, на фақат барои ин. Ҷанг, эҳтимол, нашавад, ё шавад ҳам, на ба ин қарибиҳо. Гап дар сари ошу нон ҳам не. Гардиши чархи айём суръат мегирад. Фарзандони моро лозим меояд, ки ба ҳамаи муаммоҳо бо қуввати худ, бо фаросати худ бирасанд, дар назди таърих аз ҷониби мо низ бори масъулият бикашанд. Фикру андеша барин кори мушкил набуду нест. Барои ҳамин ҳоли онҳо назар ба мо душвортар хоҳад шуд.

Эдигей дигар напурсид, ки чаро фикру андеша ҳамеша мушкилтарини корҳо будааст. Сонитар ин сӯҳбатро ба ёд оварда, пушаймон мешуд, ки беҳуда напурсидааст. Бале, пурсидан даркор буд, асли мақсади Абутолибро фаҳмидан лозим буд...

— Медонӣ, аз ин гапҳо мақсад чист? — суханашро давом кунонид Абутолиб гӯё аз шубҳаи Едигей пай бурда бошад. — Дар назари бачаҳо калонсолон ҳамеша боақлу мӯътабар менамоянд. Калонтар шуда мебинанд, ки муаллимонашон, яъне ки мо, он қадар ҳам боақлу фаросат набудаанд, чунон ки пештар мепиндоштанд. Ба ҳоли онон ҳанжидан ҳам мумкин. Баъзе мураббиёни куҳансол ҳатто мискину бечора менамоянд. Чархи айём торафт тезтар давр мезанад. Бо вуҷуди ин сухани охиринро оид ба худ бояд худамон бигӯем. Аҷдодони мо ин корро дар қиссаву достонҳо адо кардаанд. Ба авлодони худ нишон додаӣ шудаанд, ки чи гуна одамони бузург

пешина
аз 293
навбатӣ