Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дар масъалаҳои некиву бадӣ, ҳақиқат ва фиреб бисьёр нуктаҳоро мефаҳмад...
— Сабр кун, ман як чизро намефаҳмам, — бо тааҷҷуб сухани ӯро бурид Едигей. — Шояд гапҳоят дуруст бошанд, лекин писарчаҳои ту чиро мефаҳманд? Онҳо ҳанӯз кӯдаканд, биниашонро худашон пок карда наметавонанд, аз мошинаки сартарош метарсанд...
— Ана барои ҳамин ҳам навишта мемонам. Ҳа, мехоҳам маҳз барои онҳо эҳтиёт карда монам. Касе намедонад, ки фардо зиндааст ё не. Се рӯз пеш ин савдой барин ба хаёл рафтаам, қариб ба таги чархи паровоз монам. Қазонқоп халос кард. Тела дода фиристод. Сонӣ бисьёр сахт дашном дод. Бирав, гуфт, ба занат бигӯ, ки оши худой диҳад.
— Рост мегӯяд. Ман ба ту кайҳо боз мегӯям. Ба Зарифа ҳам гуфта будам, — дар навбати худ оташин шуд Едигей ва аз фурсат истифода бурда, дарди дилашро изҳор намуд. — Барои чӣ ту дар болои роҳи оҳан ин хел бепарво мегардӣ? Чӣ, паровоз бояд ба ту роҳ диҳаду худаш аз дигар ҷо давр зада гузарад? Ту одами хондагӣ-ку, чанд маротиба гуфтан даркор? Худат коргари роҳи оҳан шудаӣ, аммо чунон мегардӣ, ки гӯё ин ҷо бозор бошад. Ҳазл накун, оқибаташ хуб нест.
— Ягон фалокат шавад, худам гунаҳгор мешавам, — маҳзунона тасдиқ намуд Абӯтолиб. — Хайр, ту аввал ба гапи ман гӯш андоз, баъд сарзаниш мекунӣ.
— Майлаш, бигӯ. Гап омаду гуфтам-дия.
— Замонҳои қадим одамон ба фарзандонашон мерос мегузоштанд. Аз он мерос гоҳ баракат меёфтанд, гоҳо не. Дар ин хусус чӣ қадар китобҳо, афсонаҳо навишта шудаанд. Дар театрҳо ҳам дар бораи он замон пьесаҳо гузошта, тақсими мерос ва баъд чӣ шудани ҳоли ворисонро нишон медиҳанд. Хӯш, сабаб чист? Сарвате ки ба мерос мемонданд, аксаран бар хилофи инсоф ба миён намеомад, аз заҳмати бегонагон, бо роҳи дурӯғу фиреб ҷамъ мешуд ва аз ҳамин сабаб дар ниҳодаш шарру бадӣ ва гуноҳу ноадолатиро ниҳон медошт. Ман розиям, ки мо, шукри худо, аз ин гуна шӯру шар озодем. Мероси ман ба касе зиён намеорад. Вай рӯҳи ман, қайдҳои ман аст, ҳар чизе ки ман аз ҷанг дарк кардаам ва дарёфтаам, дар онҳо акс ёфтааст. Барои фарзандонам аз ин зиёд сарвате надорам. Ман дар ин ҷо, дар биёбони Сари Озек ба ҳамин хулоса омадам. Зиндагонӣ маро телаву такон дода, танг карда ба ин ҷо овард, гӯё мехост,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё