Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дорад. Барои ҳамин ҳам ба ӯ майлу рағбати калон дошт. Муносибати дӯстонаи Едигей бо геологи Сари Озек Елизаров, ки ба ин ҷоҳо бисёр омаду рафт мекард, низ бесабаб пайдо нашудааст. Вай олимон, одами фозилро аз таҳти дил эҳтиром мекард. Абӯтолиб ҳам бисёр чизҳоро медонист. Фақат камтар гап мезад. Боре дар миёни онҳо сӯҳбати ҷиддие барпо гардид.
Бегоҳирӯзӣ аз кор бармегаштанд. Он рӯз дар километри ҳафтум, ки ҳамеша барфи бисёре тӯда мешавад, чапари барфдорак мегузоштанд. Гарчи ҳанӯз фасли тирамоҳ дар айни авҷаш буд, лекин ба зимистон бармаҳалтар омада шудан зарур. Инак, ду кас ба хона бармегаштанд. Шоми бафайзе фаро мерасид. Дар ин гуна соатҳо канораҳои дашти Сари Озек дар ҳавои шафакгун нимравшан ба назар мерасанд, чунон ки қаҳри баҳри Арал гӯё туманолуда метобад.
— Як чиза аз ту пурсам, Абӯ. Кадом вақте ки аз назди хонаат нагузарам, мебинам, ки сарат ба пештахтаи тиреза ҳам. Чарогро ба пешат монда, ягон чиз менависӣ ё чизеро таъмир мекунӣ? — гуфт Едигей.
— Ҳа, рост. Лекин сабабаш маълум-ку,— белро аз як китф ба китфи дигараш гузаронида, бо майли тамом ҷавоб дод Абӯтолиб.— Мизи хатнависӣ надорам. Ҳамин ки писарчаҳо хоб карданд, Зарифа китобе мехонад, ман бошам, баъзе чизҳоро, фаромӯш нашавад гуфта, навишта мемонам. Воқеаҳои ҷанг, хусусан солҳои дар Югославия гузаронидаамро. Вақт мегузарад, гузаштаҳо торафт дуртар мераванд.— Вай даме хомӯш монд.— Ман доимо дар андешаам, ки барои бачаҳоям чӣ коре метавонам бикунам. Хӯрондан, пӯшонидан, тарбия кардан — ин вазифаи маълум. Чӣ қадаре аз дастам ояд, кӯшиш мекунам. Ман он қадар рӯзҳоро аз сар гузарондам, ки ин гуна рӯзҳоро каси дигар дар сад сол намебинад. Лекин ҳанӯз зиндаам, аз хок берун гаштаам. Пас ин шароитро ба ман тақдир ато кардааст. Шояд барои он ки андешаҳои худро, пеш аз ҳама барои фарзандонам нақл кунам. Аз зиндагонии худ бояд ба онҳо баёноте бидиҳам, чунки боиси ба дунё омаданашон будаам. Ба хаёли ман ана ҳамин тавр. Ҳақиқате ҳаст, ки барои ҳама умумист, аммо ба ғайр аз ин боз ҳар кас фаҳмиши худро дорад. Вале фаҳму идроки мо ҳамроҳи худамон меравад. Инсон агар умри худро аз рӯзи таваллуд то соати марг дар миёни гирудору задухӯрдҳои ин дунё гузаронад ва сад бор ба лаби гӯр зинда рафта, зинда баргардад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё