Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

хубтар сару сомон диҳанд. Вақте Қутлибоевуҳдо низ ба қароре омаданд, ки ҷои онҳо ҳамин дураҳои Бӯронист ва дигар ҷои рафтан надоранд ва бояд дар ҳамин маҳал рӯзгорашонро соз кунанд, ба корҳои хона вақташон нарасида монд. Аввал ин ки ҳар рӯз дар поси худ ба кор баромадан лозим буд, соний вақти боқимонда ҳам барои саранҷом додани корҳо кифоя намекард. Рӯзҳое ки хонаи худро ба зимистон тайёр менамуд — печкаро аз нав месохт, дарҳоро рӯйкаши гарм мечаспонид, чорчӯбаи тирезаҳоро таъмир менамуд, аз серкорӣ хаставу шалпар мешуд. Ба ин қабил корҳо дасту панҷааш чандон намечаспид, вале Едигей дам ба дам ба имдодаш мерасид, асбобҳо ва якта-нимта масолеҳи даркориро ёфта медод. Вақте ки дар паҳлуи анборак сардоба месохтанд, Қазонқоп ҳам ба ёрманди омад. Секаса таҳхонае канда, болояшро бо шпалаҳои кӯҳна пӯшиданд ва аз рӯи он хасу хошок хобонида, баъд лой молиданд, хулоса боми маҳкаме баромад ва акнун эмин метавон буд, ки чорвои ягон кас ба таҳхона нахоҳад афтод. Калонсолон бо чӣ коре машғул набошанд, писаракони Абӯтолиб дар гирду атрофашон бозӣ карда мегаштанд. Гоҳо ба кор халал мерасониданд, аммо дар ҳамин ҷо буданашон як амри дилкаш буд ва хушҳолӣ меовард.

Едигей ва Қазонқоп фикр мекарданд, ки ба рӯзгордории Абӯтолиб чӣ гуна кӯмак бирасонанд. Қарор доданд, ки барои ӯ якто уштури чӯшоӣ ҷудо кунанд. Лекин Абӯтолиб лозим меояд, ки уштурчӯширо биомузад. Шири уштурро рост истода медӯшанд, аз дунболаш дашт ба дашт мегарданд. Аз ҳама муҳимаш тайлоқаки ширмакро эҳтиёт бояд кард, сари вақт ба пистони модар роҳ доданду дар вақташ ҷудо карда гирифтан ҳам ҳунар аст. Хулоса, ташвишу заҳматаш кам не ва ҳамаи инро донистан ва омӯхта шудан лозим...

Аммо зиёда аз ҳама Едигей аз он ваҷҳ хурсанд буд, ки Абӯтолиб на фақат хӯрчини алои рӯзгорро ба гардан гирифт, на фақат бо бачаҳои ҳар ду оила машғулиятҳо мегузарониду ҳамроҳи Зарифа онҳоро ҳарфшиносиву расмкашӣ меомӯхт, балки гарониҳои зиндагонии ин маҳалли хилватро паси сар намуда, бо корҳои дилхоҳи худаш ҳам шуғл меварзид. Охир Абӯтолиб Қутлибоев одами бамаърифат буд. Бидуни китоб хондану ҳар гуна иншоҳо навиштан рӯз гузаронида наметавонист. Едигей дар замири дил меболид, ки чунин дӯсте

пешина
аз 293
навбатӣ