Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тарафҳо дар машварати фавқулоддаи худ ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфии ин муаммои ногаҳонӣ ва ғайримуқаррариро мавриди музокира қарор доданд. Дар рӯи мизи ҳар яке аз аъзоёни комиссия ба ҷуз санадҳои ёрирасон ҷузъгире буд, ки дар он матни мукаммали номаҳои паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1 маҳфуз буд. Ҳар як нукта, ҳар як калимаи ҳуҷҷатҳоро бо диққат баррасӣ мекарданд. Ҳар як ҷузъиёте ки чун далели ҳаёти оқилона дар сайёраи Пайкараи Ҷангалистон оварда шуда буд, қабл аз ҳама аз нуқтаи назари оқибатҳои имконпазираш, аз дидгоҳи созгор будан ё набуданаш бо таҷрибаи тамаддуни заминӣ ва бо манфиати мамлакатҳои пешдасти сайёра тадқиқ мегардид... Касе аз навъи башар ҳанӯз ба ин гуна муаммоҳо рӯ ба рӯ наомада буд. Ба замми ин ҳалли масъала таъхир намепазирифт...

Дар Уқёнуси Ором ҳамчунон нимтӯфоне ҳукмфармо буд.

Пас аз он ки онлан Кутлибоев фасли тоқатфарсои тобистони Сари Озекро паси сар намуду ноумед нашуд ва ҷулу пӯстакашро бардошта, дуртар аз дуроҳаи Бӯронӣ ба ягон гӯшаи олам гурехта нарафт, бӯрониҳо пай бурданд, ки ин хонавода муқими ҳамин ҷо мешавад. Абутолиб Кутлибоев хеле зиндадилтар гардид, ба ибораи дигар, бори гарони рӯзгори бӯрониро ба гардан гирифт. Ба шароити дуроҳа одат кард. Вай ҳам мисли ҳар як шахси дигар ҳақ дошт бигӯяд, ки дуроҳаи Бӯронӣ ҷои беҳудатаринест дар рӯи замин. Охир ҳатто обро барои нӯшокӣ ва дигар гуна зарурат цистерна-катӣ бо роҳи оҳан мекашониданд, агар касе оби тозаи ҳақиқӣ нӯшидан хоҳад, бояд уштурашро зин занаду машқҳоро бор карда ва даҳҳо фарсахро тай карда, ба сари чоҳи биёбон биравад. Аммо ба ин гуна амр ба ҷуз Едигей ва Қазонқон дигар касе ҷуръат карда наметавонист.

Ҳа, соли панҷоҳу дуввум ва ҳатто то солҳои шастум, то вақте ки чоҳи чуқуре кофта, бо насоси электрӣ об набароварданд, аҳвол чунин буд. Бо вуҷуди ин Абутолиб ҳеҷ гоҳ на дуроҳаи Бӯрониро нафрин мекард, на ин гӯшаи дашти Сари Озекро. Нағзро нағз мегуфту бадро бад. Зотан ин сарзамин ба касе бадӣ накардааст. Зиндагонӣ кардан ё накардан дар ин ҷо ба ихтиёри худи одамон вобаста буд...

Дар ҳамин ҷо ҳам мардум саъй мекарданд, ки зиндагониашонро

пешина
аз 293
навбатӣ