Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Дар он лаҳза Абӯтолиб ба магазин рафта буд. Зарифа чӣ кор карданашро намедонист, аз ҳиҷолат гоҳ сурх мешуд, гоҳ сафед. Бо оҳанги узромез мегуфт, ки аз таваллуд шуданаш инҷониб ягон маротиба мӯи сарашро нагирифтаанд, дилашон намешуд ба қайчӣ кардани ҳамин хел мӯи хушрӯи чингила. Воқеан, мӯи писарак чингилаву гуллӣ ва бисёр зебо буд, айнан мисли мӯи модараш. Умуман Эрмек ба модараш бисёр монанд буд. Сарашро шуста, мӯяшро шона кунанд, аз ӯ чашм кандани кас намеомад.

Чӣ навъ ором кардани писаракро намедонистанд. Укубала ҳатто рухсат дод, ки мӯи Сауларо айдаке кӯтоҳ кунанд, яъне, ки мана, Эрмекҷон, худат бин, ҳатто духтарча аз амаки усто наметарсад. Ин тадбир, аз афти кор, айдаке нафъ кард, вале сартарош мошинкаро ба даст гирифта буд, ки доду фиғон аз нав сар шуд. Эрмек аз таки дасти усто баромада гурехт. Дар ин дам Абӯтолиб аз дар намоён шуд. Эрмек худро ба канори падар андохт. Абӯтолиб бачаро бардошта, ба оғӯш кашид, пай бурд, ки кӯдакро беҳуда азоб додан хоҷат нест.

— Мебахшед, — гуфт ӯ ба сартарош. — Ягон рӯзи дигар меоем. Андак далертар шавем, баъд... Шитоб неку... Бори дигар меоем...

Дар рафти машварати фавқулоддаи комиссияҳои дорои ваколати махсус дар саҳни киштии ҳавопаймобари «Конвенция» ва мувофиқи созиши тарафайн ба қароргоҳи мадории «Паритет» барои роҳӣ намудан ба паритет — кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1, ки дар сайёраи мансуб ба тамаккуни хориҷ аз замин буданд, радиограммаи махфӣ фиристода шуд, ки зинҳор ягон иқдоме пеш нагиранд, то расидани фармони махсуси Мармутидор дар ҷои худ бошанд.

Машварат дар паси дарҳои баста идома дошт. Киштии ҳавопаймобари «Конвенция» ҳамчунон дар Уқёнуси Ором дар ҷои пештарааш — дар самти ҷанубии Ҷазираҳои Алеут дар масофаи баробари роҳи ҳавоӣ аз Сан-Франциско ва Владивосток воқеъ гашта буд.

Дар олам ҳанӯз касе хабар надошт, ки бузургтарин воқеаи байналафлокӣ рух додааст — дар системаи Хуршеди Дастгир сайёраи мансуб ба тамаддуни ғайризаминӣ кашф шудааст ва сокинони соҳибидроки он таклиф пешниҳод кардаанд ба заминиён робита барқарор шавад.

пешина
аз 293
навбатӣ