Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
даме хаёломез рост истод ва сони боз ба роҳаш идома дод. Вале ин дафъа ӯро Едигей аз роҳ дошт:
— Аз ёдат набарор, аввал ба пеши навбатдор даро, ба пеши Шоймардон, ба ҷои ман ягон касро фиристонад, ман сони ба ҷои вай кор мекунам. Худораҳмати дар хонаи хилват хобидааст, дар пешаш ягон кас нест, нағз не... Ана ҳамту бигӯ...
Занаш ба аломати ризо сар ҷунбониду ба роҳаш рафт. Ин дам дар рӯи лавҳаи дистансионӣ асбоби хабардиҳанда чароғаки сурхашро даргиронида, ба ғурриш даромад. Ба дуроҳои Бӯрони қатори наве наздик меомад. Аз рӯи супориши навбатдор ин қаторро аз роҳи эҳтиётӣ ҷой додан лозим, то ки қатори дигар, ки аз тарафи муқобил меояд ва низ ба дуроҳа наздик расидааст, бемалол ба он сӯ гузашта равад. Кори муқаррарӣ.
То даме ки қаторҳо ба роҳи худ гузаштанд, Едигей гоҳ-гоҳе ба сӯи Укубала назар меафканд, ки аз паҳлӯи роҳ равон буд. Гӯё боз ягон гапи таъин нокардааш монда бошад. Гапи мегуфтагӣ, албатта, ёфт мешавад. Маросими дафн кори ҳазл не, ҳазору як майда-чуйда дорад. Аммо Едигей на аз барои ин ба сӯи занаш нигоҳҳо меафканд. Вай акнун, худи ҳамин дам бо алам пай бурд, ки занаш вақтҳои охир пир шудааст, коматаш ҳам ғаштааст ва инро дар пардави зарди чароғи сари роҳ надидан мушкил буд.
«Пир шудем-дия, — аз дил гузаронид ӯ. — Мана оқибат: чолу кампир!» Саломатӣ шукр, бад нест, тану ҷон ҳоло бақувват, лекин синнаш ба ҷое расидааст, шастсола шудааст, аниқтар ҳисоб кунад, ба шасту як қадам монд. «Ана-мана нагуфта, ду-се соли дигар мегузараду эҳтимол ба нафақа баро, гӯянд» — худ ба худ гуфт Едигей бо заҳрханда. Аммо вай медонист, ки ба ин наздикиҳо ба нафақа намеравад. Ба ҷои вай дар ин ҷоҳо одам ёфтан ҳам кори осон нест. Едигей нозири роҳ ва коргари таъмиргар аст, баъзан, агар ягон кас нотоб шуда монад ё ба таътил биравад, вазифаи роҳкушо (стрелочник)-ро ҳам адо менамуд. Ба ҷои вай кӣ меояд? Магар ки ба хотири музди иловагӣ биояд, ки барои дурафтода ва беоб будани ин ҷоҳо медиҳанд. Аммо ба гумон-дия. Дар байни ҷавонҳои ҳозира ин хел одам ёфт мешавад?
Барои зиндагӣ кардан дар дуроҳаҳои Сари Озек дили бутун даркор, набошад, нобуд мешавӣ. Дашт ҳадду каноре надорад, одам дар пеши вай як зарра. Дашт бо ҳоли ту коре нест, аҳволат хуб аст ё бад, барои вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё