Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Едигей, ин тарафаш кори мо не. Мон ки биоянд, бо дасти худашон гӯру чӯб кунанд. Набошад, сониӣ гапу гапча чунон мӯл мешавад, ки...
— Хайр, ман чӣ гуфтам? Не гуфтам? Омадан гиранд.
— Писараш аз шаҳр расида омада метавониста бошад?
— Дилаш бошад, метавонад. Ҳанӯз парерӯз вақти ба истгоҳ рафтанам, тилгиром фиристода будам. Гуфтам, ки аҳвол чаток, падарат дар дами марг. Боз чӣ даркор! Худаш ин қадар доно метарошад, наход нафаҳмад!..
— Хайр, инту бошад, майлаш, — ба гапҳои шавҳараш розӣ шуд Укубала, вале азбаски дар замири дил ҳанӯз андешаҳои изтиробенгезашро давом медод, бо оҳанги ташвишомез гуфт: — Хуб мешуд, ки ҳамроҳи занаш неомад. Ба ҳар ҳол бегона не, падаршӯ мешавад...
— Ун тарафаш кори худашон. Инту кун, инту накун гуфтан чӣ ҳоҷат? Кӯдак не-ку!
— Ҳа, рост, ҳамту-куя, лекин бо вуҷуди он... — гуфт Укубала дар ҳоле ки дилаш ҳанӯз аз шубҳа озод нашуда буд.
Онҳо муддате хомӯш нишастанд.
— Хайр, ту бирав, вақт нагузарад, — хотиррасон кард Едигей.
Аммо занаш ҳоло дар дил гап дошт.
— Духтараша мегӯям-а, Ойзодаи шӯрбахта мегӯям... Вай дар истгоҳи калон... Шӯяш як аракхӯри худо задагӣ, бачаҳоияш лӯла-кулӯла... Охир вай ҳам бояд ба маросими дафн расида ояд.
Едигей беихтиёр табассум намуд, ба китфи занаш навозишкорона даст расонид.
— Ана халос... Акнун ту аз барои ҳар кадомаш алоҳида ғам хӯрда, сӯхта мешинӣ... Роҳи хонаи Ойзода як қадам, саҳарӣ ягон кас ба истгоҳ рафта хабар мерасонад. Меояд, албатта. Лекин ту, занак, ақлата кор фармо — ҳам аз Ойзода, ҳам аз Собитҷон, хусусан аз Собитҷон, бо вуҷуди он ки писар мешавад, мард ном дорад, як пула нафъ намерасад. Ана мебинӣ, меоянд, ҳа, роҳқа ёфта меоянд, аммо меҳмон барин дар як гӯша рост меистанд, мурдая-боз худамон гӯру чӯб мекунем, ҳа кори мешудагӣ ҳамин... Бирав, бирав, корҳои ман гуфтагиро кун.
Уқубала аз кулба баромад, баъд аз роҳ бозмонда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё