Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Чӣ кор мекунем? Чӣ кор мекунанд дар ин ҳолат? Дафн мекунем.— Вай чун одаме ки ба як қарор омадааст, аз ҷой бархост.— Ту, занак, медонӣ чӣ? Ту зуд баргард. Аввал ба гапи ман гӯш кун.
— Гӯшам ба ту.
— Усмона бедор кун. Сардор бошад ҳам, майлаш, бедор кун, дар пеши ачал мартабаи ҳама бад-баробар. Бигӯ, ки Қазонқоп аз олам гузашт. Чилу чор сол дар як ҷо кор кард вай. Вақте ки Қазонқоп бо ин ҷо омада, кор сар карда буд, саға аз сар то пояш тилло резӣ ба ин гӯшаи Сари Озек намеомад. Усмон он вақто, эҳтимол, дар шиками очааш ҳам набуд. Қади умри мӯйсафед аз ин ҷо чӣ қадар қаторҳо гузаштаанд, шумурам гӯй, мӯи сарат намерасад. Бигӯ, ки фикр карда бинад. Ана ҳамту бигӯ. Исто, боз гӯш кун...
— Гӯшам ба ту.
— Ҳамая аз як сар бедор кун. Тирезаҳошона тақ-тақ зан. Худамон чӣ кадарем — ҳамагӣ ҳашт хонавода... Ҳамаро бедор кун. Ҳамин хел як одам мурдааст, имшаб ягон кас набояд хоб кунад. Ҳамаро бедор кун.
— Рафту ҷанҷол кунанд, чӣ?
— Кори мо хабар додан, ҷанҷол кунанд, кардан гиранд. Бигӯ, ки ман фармудам, ки ҳама бедор шаванд. Виҷдон ҳам даркор ба кас. Исто!
— Боз чӣ?
— Аввал ба пеши навбатдор даро. Имшаб Шоймардон диспетчер. Бигӯ, ки воқеа ана ҳамту, фикр карда бинад. Шояд ба ҷои ман ягон касро ёбад. Сопӣ ба ман хабар диҳад. Фаҳмидӣ, ана ҳамту бигӯ!
— Мегӯям, мегӯям,— ҷавоб дод Ӯкубала, баъд ба мисли он ки чизи аз ҳама муҳимтари бемаврид фаромӯш кардаашро ба ёд оварда бошад, бо оҳанги гунаҳгорона гуфт:— Ана халос! Бачаҳояш чӣ? О аввал ба онҳо хабар расонидан лозим. Албатта! Падар мешавад-а...
Едигей ин гапро шунида, абрӯвонашро гиреҳ кард, андомаш боз тиратар гардид. Чизе нагуфт.
— Хоҳ нағз бошад, хоҳ ганда, фарзанд-дия,— таскиномез суханашро давом медод Ӯкубала. Вай медонист, ки ин гапҳо ба гӯши Едигей намефорад.
— Э худам ҳам медонам.— даст афшонид Едигей.— Чӣ, ба хаёли ту ман ҳеҷ фаросот надорам? Медонам, ки бачаҳояшро хабар додан лозим. Лекин агар ихтиёр ба ман мешуд, намемондам, ки паи қадамашон ба ин ҷоҳо расад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё