Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ва ин эҳсосот подоши ҳамон зиндагонивест, ки солҳои бисёре баҳам дидаанд ва хусусан подоши хизмати ҳозирааш аст, ки нимишабӣ рӯй-рӯи роҳи оҳан то ба дуртарин нуктаи дуроҳа аз рӯи эҳтиром, аз рӯи қарзи одамӣ давида омадааст. Чунки Укубала медонад, ки ин хабарро ба Едигей расонидан бисёр зарур аст. Едигей бояд бидонад, ки пирамардӣ бадбахт, мӯйсафеди бекас Қазонқоп дар кулбаи хилвати похсагинаш чашм аз олам пӯшидааст. Укубала медонад, ки дар тамоми дунёи равшан фақат як нафар одам ҳаст ва он ҳам Едигей аст, ки аз мурдани одами яккаву танҳо ғамгин мешавад ва ҳол он ки марҳум ба вай на хеш мешавад, на табор.
— Шин, нафасата рост кун, — гуфт Едигей вақте ки ба кулба даромаданд.
— Худат ҳам шин, — гуфт Укубала.
Ҳар ду нишастанд.
— Чӣ шуд?
— Қазонқоп мурд.
— Кай?
— Аз аҳволаш хабар гирам, шояд ягон чиз лозим бошад, гуфта, навакак даромадам. Даромадам, чароғ даргирон, дар ҷоғаҳаш хоб, фақат ришаш саҳле инту ба боло сих задагӣ барин. Наздиктар рафтам. Қазаке, гуфтам, ҳой Қазаке, ҷони гарм лозим бошад, гӯед, гуфтам. Биннам, ҷавоб нест, кайҳо тамом шудагӣ. — Укубала банохост хомӯш гардид, чашмони сурхшудааш аз ашк пур шуданд, пилҳои бо мурури замон тунук шудааш ларзиданд ва ӯ фик-фик ба гирья сар кард. — Мана оқибат! Чӣ хел одам буд-а! Ҷон додаасту як кас нест, ки мана-ҳаша бандад, — ҳасрат мекард ӯ гирьяомез. — Оқибати одама бин. Ҳайфи ҳамту одам... — Ӯ мехост бигӯяд, ки саги бесоҳиб барин хору зор шуда мурд, лекин нагуфт, ҳоҷати шарҳ набуд, бе ин ҳам вазъият маълум буд.
Едигей ҳанӯз аз айёми баргаштанаш аз ҷанг дар дуроҳаи Буранлӣ, яъне Бӯронӣ, хизмат мекард ва аз ин сабаб ҳама дар ин ноҳия ӯро Едигей Бӯронӣ меномиданд. Вай дар рӯи тахтакати худ бо сари ҳам, чеҳраи гирифта, дастони решаи дарахт барин дурушт ва калон-калони вазнинашро ба рӯи зону гузошта менишаст. Лапари фуражкаи фарсудаи равғанолуд ба чашмонаш соя меафканд. Ба хаёл рафта буд Едигей Бӯронӣ.
— Чӣ кор мекунем акнун? — садо баровард занаш.
Едигей сар бардошта, ба занаш бо заҳрхандае нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё