Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

он ҷо идораю хизматгорони махсуси худро дорад ва аз ин сабаб вагонҳои қатор ҳама брезентпӯш буданд ва дар платформаҳошон посбонони низомӣ доштанд.

Едигей пай бурд, ки ба назди ӯ шитобон занаш меояд ва шитобаш ҳам бечиз нест ва ягон сабаби басо ҷиддӣ дорад. Воқеан ҳамин тавр будааст, вале то даме ки вагони дунболаи қатор бо кондуктори дар айвонаки кушод истодааш аз пеши Едигей гузашта нарафт, вай аз рӯи вазифа ҳақ надошт, ҷои худро тарк кунад. Онҳо бо фонусҳошон ба якдигар хабар доданд, ки роҳ бехатар аст ва фақат баъди он Едигей, ки аз ғавғои бардавом гӯшҳояш маҳкам шуда буданд, ба занаш рӯй овард:

  • Ҳа, чӣ шуд?

Зан нигоҳи изтиробомезе афканду чизе гуфт. Едигей ҷунбиши лабҳои ӯро дида бошад ҳам, садое ба гӯшаш нарасид. Бо вуҷуди ин фаҳмид. Бале, гумони худаш ҳам ҳамин буд.

  • Биё, ба дарун дароем. Ин ҷо шамол, - гуфт ӯ ва занашро ба кулба ҳидоят намуд.

Аммо аз даҳони зан ба тасдиқи гумони бадаш ҳанӯз чизе нашунида, хотираш аз як чизи дигар муташавиш шуд. Едигей пештар ҳам медид, ки занаш пир шудааст, лекин ин дафъа ба ҳоли ӯ дилаш сӯхт: Укубала аз шиддати тохт нафастанг шуда буд, аз даруни синааш садоҳои гирифтаю хиррие берун меомаданд ва китфҳои лоғараш ба як тарзи ғайритабиӣ, хеле башаст болову поин мешуданд. Чароғи равнани электр дар кулбаи майдаяки деворҳояш аз оҳак сап-сафед баногоҳ дар рухсори тираи кабӯдчафом гардидан Укубала ожангҳои дигар ҳеҷ гоҳ рафънашавандаро баралония намоиш дод (ва хол он ки айёме буд, ки пайкари нарми рехтааш гандумгун буд ва чашмони сиёҳаш дурахши дилрабое доштанд)... Боз ин дандонҳои афтода... Умри зан ба охир расад расаду лекин як рӯз ҳам бедандон намонад, бо забони ҳол мегӯянд онҳо. (Кайҳо Укубаларо ба истгоҳи калон бурда, аз ҳамон дандонҳои зормондаи оҳанӣ шинондан лозим буд, ҳозир пиру ҷавон ҳамин хел дандонҳо месозонанд)... Бар болои ин боз тораҳои сап-сафеди мӯй аз таки рӯмол фаромада, ба рӯяш парешон шудааст. «Эҳ, занаки ман, чӣ хел пир шудай ту!» — аз дил гузаронид ӯ ва ҳис кард, ки дар ин ҳол гӯё худаш низ гунаҳгор аст ва ҳисси ин гуноҳ дили ӯро фишор медиҳад. Ва пай бурд, ки дилаш аз эҳсосоти сипосдорӣ моломол мегардад

пешина
аз 293
навбатӣ