Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бад-баробар. Ана ҳамин хел аст дашт ва дигар ҳам намешавад, аммо инсон ба ҳоли дунё бепарво буда наметавонад, ғам мехӯрад, ғусса мехӯрад, хаёл мекунад, ки дар ҷои дигар, дар миёни одамони дигар мешуд, кораш барор мегирифт ва бахташ баргашта шудааст, ки ба ин ҷоҳо афтодааст... Ва, инак, дар пеши салобати дашти бузурги бешафқат дил бой медиҳад, яъне аккумулятори мотоцикли сеҷархан Шоймардон барин мадори дилаш хушк мешавад. Соҳибаш он мотоциклро эҳтиёт мекунад, на худаш савор мешавад, на ба касе медиҳад. Мошин бекор-бекор мехобад, ва ҳамин ки зарур шуд, мотораш дарнамегирад, чунки қуввати оташдиҳандааш тамом шудааст. Одами ба дуроҳои Сари Озек афтода ҳам ба мисли ҳамин, агар ба кор начаспад, дар ин дашт реша наронад, одат накунад, — тамом, тоқат карда наметавонад. Баъзеҳо аз тирезаи вагонҳои даргузар нигоҳ карда, гиребошонро медаронд: ё тавба, мегӯянд, одамон дар ин ҷо чӣ тавр зиндагонӣ карда бошанд?! Ба ҳар тараф, ки бигарӣ, фақат дашту уштур, дашту уштур! Хайр, чӣ илоҷ, зиндагӣ мекунанд. Сабру тоқаташ чӣ қадар ки бошад, ҳамон қадар зиндагонӣ мекунад. Се сол, ё зӯраш расад, чор сол бардошт медиҳад. Баъд ариза дода, ҳисобӣ мекунаду меравад. Тамом, вассалом.

Дар дуроҳои Бӯронӣ фақат ду кас ҳамаи умри худ тоб оварда тавонист: Қазонқопу вай, яъне Едигей Бӯронӣ. Дар ин муддат чӣ қадар одамон омада рафтанд! Дар бораи худ чизе гуфтанаш мушкил, дандон ба дандон монда, тоқат мекард, сар ҳам намекард, аммо Қазонқоп дар ин ноҳия чиҳилу чор сол заҳмат кашид. На аз барои он ки аз дигарҳо гӯлтар буд. Ба Едигей бигӯянд, як худи Қазонқопро ба даҳ каси дигар иваз мекунӣ? Не мегӯяд... Мана акнун вай ҳам бирафт. Нест дигар Қазонқоп...

Қаторҳо ба роҳҳои худ гузашта рафтанд. Яке ба шарқ бирафт, дигаре — ба ғарб. Дуроҳои бӯронӣ муддате холӣ гардид. Ва ҳама чизе ки дар атроф буд, баногоҳ равшантар аён шуд. Ситораҳои осмон гӯё дурахшонтар, ба назар намоёнтар шуданд, бод ҳам шасти худро афзуда, дар пушти роҳ, миёни шпалҳо ва сангрезаҳои байни рельсҳо, ки махин-махин ғуввос мезаданд ва гоҳ-гоҳ садои шикиррос заданашон ба гӯш мерасид, сайри худро давом медод.

Едигей ба кулбааш надаромад. Ба симчӯб такя намуда, ба хаёл рафт. Дар пеш, дар он сӯи роҳи оҳан шабахи

пешина
аз 293
навбатӣ